Мунтахаби девон

В-аз мадҳу сано-т шоиронрост
Ташрифу силот хаззи муълам.
Арвоҳи малик ба нола омад,
Савти ту гирифт чун тараннам.
Ҷуз бар ту санову мадҳ гуфтан
Бошад чу таяммуму лаби ям.
Аҳбоби туро ба зери рон аст
З-иқболи ту борагииадҳам.
Аъдои туро зеҳи гиребон
Тавқест ба шакли мори арқам.
Эй қурбати ту суруру шодӣ,
Аз фурқати ту марост мотам.
Гирад фалак ар ба хушк реша-м
Ман дарнадиҳам ба хештан нам.
Будӣ падарам ба маҷлиси ту
Ёри сараву ҳарифи маҳрам,
Ту шод бизӣ, ки рафту з-ӯ монд
Мерос ба мондагони ӯ ғам,
Арҷу, ки раҳӣ шавад зи саъйат
Бар ағлаби модеҳон муқаддам,
То ҳафт сипеҳру чор табъанд
Омехта з-имтизоҷ боҳам,
Бодо-т бақову иззу иқбол
Беш аз рақами ҳуруфи муъҷам,
Моҳи Рамазон хуҷаста бодат,
То пеши сафар бувад муҳаррам!
Ташриф – бузургдошт, қадрдонӣ.
Суфу хаззу таълам – либосвориҳо, хилъат, ҷома.
Тараннам – тараннум, сурудан.
Таяммум – таҳорат бо хок; таҳорат.
Ям – баҳр.
Мори арқам – мори бадзаҳри алобуло.
Арҷу – умедворам.
Раҳӣ – банда, ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё