Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР МАДҲИ ЗИНАТУЛХОТИН РАЗИЯТУДДИН
КАРИМАТУЛНИСО-ХОТУН ГӮЯД

Эй фахри ҳама нажоди одам
В-эй саййидаи занони олам,

Рӯҳулқудус аз пайи тафохур
Меҳри ту ниҳода муҳри хотам.

Султон-т Кариматуннисо хонд
Шуд зоти шарифи ту мукаррам.

Розӣ зи ту, эй Разиятуддин,
Ҳақ қодири зулҷалоли акрам.

Дар нисбати толеъи ту дорад
Саъди фалакӣ ду даст бар ҳам.

Бар хастагии ниёзмандон
Пайваста зи лутфи туст марҳам.

Асбе, ки инонкаши ту бошад,
З-иқбол шавад чу Рахши Рустам.

Умрат надаби ҳазор гардад,
Нарроди фалак агар занад дам.

Рӯҳуллаҳ агарчи буд Исо,
Ту роҳати рӯҳӣ, они дил ҳам.

Мавҷуд шуд аз ту ҷуду эҳсон,
Чун он ки Масеҳ шуд зи Марям.

Иқболи ту бар фузун-ст ҳар рӯз
Дар давлати хусрави муаззам.

Он подшаҳе, ки хусравонро
Аз ҳайбати ӯ фурӯ шавад дам.

Аз вирди дуои ту саҳаргоҳ
Бунёди бақои ӯст маҳкам.

Аз хоки дари ту зоиронрост
Бар чеҳра сафои оби Замзам

Надаб – гарави қимор.

пешина
аз 328
навбатӣ