Мунтахаби девон

Дасти адли ту агар қасд кунад,
Дур дорад зи ҷаҳон дасти аҷал.
Аз худовандон сарвар чу ту нест
Ҷуз Худованди ҷаҳон аззаву ҷал.
Эй меҳ аз гавҳари одам ба шараф
В-эй бар аз гунбади аъзам ба маҳал!
Банда ҳарчанд ба хидмат нарасид,
Муттаҳам нест ба тақсиру касал,
Андар ин сол, ки бигзашт бар ӯ,
Он гузаштаст, к-аз он лотасъал,
Бандҳо дошта бе ҳеҷ гуноҳ,
Азлҳо ёфта бе ҳеҷ амал,
Он ҳама мағз чу таҷвифи димоғ,
В-ин ҳама пӯст чу таркиби басал.
Қурби моҳе набувад беш ҳанӯз,
То бирастаст аз он вайлу ваҷал.
То ба аввал нарасад ҳеҷ охир,
То чу охир набувад ҳеҷ авал.
Бод бе аввалу охир ҳама умр
Шабу рӯзат чу шабу рӯзи амал.
Нӯш дар коми ҳасуди ту шаранг,
Заҳр дар коми мутеъи ту асал!
Пойи даври фалаку дасти қазо
Ланг дар тарбияти хасмату шал!
Аззаву ҷалл – ғолиб ва бузург (Ғиёс).
Лотаъсал – суол макун.
Азл – хорӣ, сахтӣ, маломат, тангӣ.
Таҷвиф – миёнтиҳӣ кардан.
Вайл – ҳам вовайло, афсӯсу пушаймонӣ, надомат ва ҳам ҷое дар ҷаҳаннам; ваҷал – тарсидан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё