Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он, ки адлаш дар интизори умур
Шакли Парвин диҳад ба Ҳафтавранг

В-он, ки саҳмаш дар интиқоми ҳасуд
Нофи оҳу кунад чу коми наҳанг,

То бувад пуштурӯи кори ҷаҳон
Гаҳ шакар дар мизоҷу гоҳ шаранг,

Бод пайваста аз сиришки ҳасуд
Рӯи бадхоҳи ту чу пушти паланг!

ДАР МАДҲИ ЗИНАТУЛХОТИН
МАЛИКА ИСМАТУДДИН-ХОТУН ГӮЯД

Марҳабо, мавкиби хотуни аҷал,
Исматуддин – шарафи доду дувал,

Он, ки бурдаст ниҳоят ба абад
В-он, ки кардаст бидоят ба азал.

Он ба ҷоҳу ба ҳунар беҳ зи фалак
В-он ба қадру ба шараф бар зи Зуҳал.

Бо вифоқаш алами дард шифо,
Бо хилофаш асади чарх ҳамал.

Эй ба эҳсони ҳунар гашта самар
В-эй ба анвои шараф гашта масал.

Даҳр натвонадат овард назир,
Чарх натвонадат овард бадал.

Аср бо ҷуди ту эмин зи ниёз,
Даҳр бо адли ту холӣ зи халал.

Нақши килкат ҳама дурри манзум,
Дурри нутқат ҳама ваҳйимунзал.

Бо камоли ту фалак як нуқта-ст,
Бо виқори ту замин як хардал.

Теғи Миррих кунад қаҳри ту кунд,
Мушкили чарх кунад килки ту ҳал.

Ваҳйи мунзал – паёми манзил
Хардал – донаи хурди зардранги тундутез, ки дар тиб ба кор мебаранд; маҷозан хурд.

пешина
аз 328
навбатӣ