Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-он ки таъйини пояи қадраш
З-офариниш бувад фарозтарак.

Карда таърихи расми ӯ мансух
Самару расми давраи Бармак.

Адади солҳои умраш бод
Ҳамчу таърихи понсаду чилуяк!

ДАР МАДҲИ МАҶДУДДИН АБУЛҲАСАНИ ИМРОНӢ
ВА ТАЪРИФИ ИМОРАТИ Ӯ ГӮЯД

Ҳаббазо, корномаи «Артанг»,
Эй баҳор аз ту бурда рашк ба ранг,

Саҳнат аз саҳни хулд дорад ор,
Сақфат аз сақфи чарх дорад нанг.

Дода ранги туро қазо тартиб,
Зада нақши туро қадар беранг.

Сурати Қандаҳор пеши ту зишт,
Арсаи рӯзгор назди ту танг.

Ваҳшу тайрат ба сурату ба сифат
Ҳама ҳамвора дар шитобу диранг.

Тири туркон-т фориғ аст аз тоб,
Теғи гурдон-т эмин аст аз занг.

Доъии зоирон дарат ба сарир
Ҳам зи як хутва, ҳам зи як фарсанг.

Ҳокии мутрибон хамат ба садо
Ҳам дар он парда, ҳам дар он оҳанг.

Лаби нойӣ-т месарояд ной,
Дасти чангӣ-т менавозад чанг.

Буда бар ёди хоҷа бегаҳу гоҳ
Ҷоми соқӣ-т пуршароб чу занг.

Маҷдидин Булҳасан, ки фарҳангаш
Хокро фар диҳад, ҳаворо ҳанг,

«Артанг» – «Аржанг», китоби наққоши машҳур Монӣ; нигорхонаи Монӣ.

пешина
аз 328
навбатӣ