Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гувоҳӣ кунад бар ту, ҳон, эй табиат
Дар ин доварӣ довари офариниш,

Ки то гарму сарде барояш наорӣ,
Ки ин аст хушку тари офариниш!

Ало, то миҷози аносир ба нисбат
Зиёдат кунад пайкари офариниш,

Ту бодӣ, ки ҷуз бо ту некӯ наояд
Қабои бақо дар бари офариниш!

Давоми туро бех дар обу хоке,
К-аз ӯ руст баргу бари офариниш.

Бақои ту чандон, ки дар тӯлу арзаш
Нашояд ба ҷуз меҳвари офариниш!

ДАР ТАЪРИФИ ИМОРАТИ
ХОҶА АЗИЗУДДИНИ ТУҒРОӢ ГӮЯД

Эй намудори иртифои фалак,
Сокинонат муқаддисон чу малак.

Авҷи сақфи ту роздори симок,
Бехи саҳни ту ҳамнишини самак.

Дар тамизи миёни ҷаннату ту
Ройи ризвон даруфтода ба шак.

Пухтагӣ дошт деги даҳру надошт
Ростӣ, бе малоҳати ту намак.

Фалаки кавкабат, Азизуддин,
Он на кавкаб, варои ӯ на фалак,

Он дар ибдоъу имтиҳони умум
Ройи олӣ-ш кимиёву маҳак.

Он, ки дар ҳифзи хидмати маймун-ш
Бо ҳусули дараҷ халоси дарак

Симок – ду ситора дар бурҷи Асад; баландӣ.
Самак – моҳие, ки гӯё рӯи он гов, рӯи шохи гов замин истода.
Дараҷ – дараҷа.
Дарак – қаър; қабати поёни дӯзах.

пешина
аз 328
навбатӣ