Мунтахаби девон

Агар фазлаи гавҳари ту набудӣ,
Ҳақир омадӣ гавҳари офариниш
В-агар ахтари ту набудӣ, нагаштӣ
Саодатрасон ахтари офариниш.
Кушоди нафози ту гардуни фитрат
Бипардозад аз дафтари офариниш.
Ба боди адам-бар диҳад, гар бихоҳад
Хилофи ту хокистари офариниш.
Фано борҳо карда азми мусаммам,
Ки то бишканад чанбари офариниш.
Шукӯҳи ту дарёфт он кор, гар не,
Бикардӣ фано дархури офариниш.
Ба девони ҷоҳат гузоранд анҷум,
Хироҷи нуҳум кишвари офариниш
В-аз иқтои ҷудат расонанд аркон
Вуҷуби ҳама лашкари офариниш.
Ту, эй сарвари офариниш, набинӣ,
Ки ҳар дам қазо – модари офариниш
Ба заҷри тамом аз табиат бипурсад,
Ки ҳам беҳ нашуд сарвари офариниш?
Туро Кирдгор аз барои таҳаффуз
Муваккал кунад бар сари офариниш.
Такассур кӣ бошад, ки чун бо ту шаҳна
Бигардад ба гирди сари офариниш?
Ҳаводис чаро густарад бистаре, к-он
Ба маънӣ бувад бистари офариниш?
Нафоз – ҷорӣ шудани фармон.
Мусаммам – тасмимгирифта, қатъӣ.
Вуҷуб – воҷиб, ҳатмӣ, зарур.
Заҷр – ҷавр, зулм.
Таҳаффуз – ҳифз, бедорӣ, нигаҳдорӣ.
Муваккал – вакил, таъйин, масъули коре.
Такассур – зиёд шудан, афзоиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё