Мунтахаби девон

В-ин ки ман ходим ҳамепардозам акнун, соҳирист,
Сомирӣ, гӯ, то биёбад гӯшмоли ломисос.
Аз чи хезад дар сухан ҳашв – аз хатобинии табъ
В-аз чи афтад пурза бар дебо – зи ноҷинсии лос.
То бувад сайруссавонӣ дар сафар даври фалак
В-андар он даврон назири гови ӯ гови харос.
Гови гардун ҳаргиз андар хирмани умрат мабод,
То маҳи нав киштзори осмонро ҳаст дос,
Домани умри ту пок аз гарди оси осмон
В-аз ҷафои осмон хасми ту саргардон чу ос!
То ки бошад ин масал, к-аляъс иҳдарроҳатайн,
Бодӣ андар роҳате, к-онро набошад бими ёс!
Бе сапедадам шаби хизлони бадхоҳат чунон-к
То ба субҳи ҳашр ме-гӯяд: «Уҳодо ам судос»!
МАДҲИ СОҲИБИ МУАЗЗАМ НОСИРУДДИН
АБУЛФАТҲ ТОҲИР БИН АЛ-МУЗАФФАР
Зиҳӣ, дасти ту бар сари офариниш,
Вуҷуди ту сардафтари офариниш.
Қазо хутбаҳо карда дар мулку давлат
Ба номи ту бар минбари офариниш.
Чиҳил сол машшотаи кавн карда
Русуми туро зевари офариниш.
Тирозе на чун Тоҳир ибни Музаффар
Ба аҳди ту дар Шуштари офариниш.
Ломисос – ҳушдори Мӯсо-пайғамбар ба Сомирии гӯсоласоз.
Пурза – дағар-буғур, ноҳамвории матоъ
Лос – абрешими фурӯмоя (арзонбаҳо) (Бурҳон).
Сайруссавонӣ – ҳаракати шутурони обкаш; ҳаракати суст.
Харос – осиёе, ки хар ё гов мегардонданд.
Аляъс иҳдарроҳатайн – ноумедӣ яке аз ду кафи даст (зарбулмасал); бодӣ – бошӣ; ёс – яъс, навмедӣ.
Хизлон – фурӯ гузоштан, мадад накардан.
Қасидаи шоири машҳури араб Мутаннабӣ; мазмунан: яке ё шашяк.
Машшотаи кавн – ороишгари мавҷудият, зинатбахши дунё; маҷозан Худо.
Шуштар – шаҳре дар Эрон, ки бо дебои худ машҳур буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё