Мунтахаби девон

Хостам гуфтан, ки дасту табъи ӯ баҳр асту кон,
Ақл гуфт: ин мадҳ бошад низ бо ман ҳампалос,.
Дасти ӯро абр чун гӯиву он ҷо соиқа,
Табъи ӯро кон чаро хониву он ҷо эҳтибос?
Даҳру даврон дар ниҳоди хеш з-он олитаранд,
К-аз сари туҳмат мунаҷҷим-шон бипаймояд ба тос.
Дар либоси сояву нури замон ақлаш бидид,
Гуфт бехуд: эй аҷаб, неъмулбадан бассуллибос!
Эй надода чархи ҷудат тан дар ин сӯи шумор
В-эй ниҳода дахли ҷоҳат пой з-он сӯи қиёс!
Эй ба расми хидмат аз оғози даврон дошта
Торами қадри туро ҳиндуи ҳафтум чарх пос!
Олами қудрат муҷассам нест, варна бошадӣ
Андаруни сатҳи ӯ беруни оламро мумос.
Марг берун монад аз гетӣ чу тақдири муҳол,
Гар дар ӯ садде кашӣ аз хоки ҳазму оби бос.
Бар ту ҳоҷат нест касро арз кардан эҳтиёҷ,
З-он ки бошад аз ҳама кас илтимосат илтимос.
Анзаруно нуқтабис мин нур кам кай гуфт чарх,
К-офтоб аз офтоби ҳимматат кард иқтибос!
Хатм шуд бар ту сахо, чун он, ки бар ман шуд сухан
В-ин сухан дар рӯи гардун ҳам бигӯям беҳарос!
Дур набвад, к-ин замон ба вифқи ин даъво, ки рафт,
Дар димоғаш худ шаҳодатро ҳамегардад абос
Соиқа – барқ; барқе, ки аз абр биафтад.
Эҳтибос – дар банд доштан; боздоштан.
Тос – ташт, лаган, тағора; ҷом, коса.
Неъмулбадан бассуллибос – чӣ хушбадан, чӣ бадлибос!
Мумос – бо ҳам соидашуда ва бо ҳам соянда.
Хоки ҳазм – устуворӣ, ҳушёрӣ.
Оби бос – қувват, далерӣ.
Анзаруно нуқтабис мин нур кам – ба сӯи мо нигаред, то аз нури шумо рӯшанӣ бигирем
(«Қуръон», сураи «ал-Ҳадид», ояти 13).
Вифқ – мувофиқ, созгор.
Абос – дурахши оташ; дурахши замин бо пайдоиши гиёҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё