Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар ба ташрифи ҷавобам накунӣ огаҳ аз он,

Даҳр бар ҷомаи умрам кунад аз марг тароз.

То бувад неку баду бешу кам андар пайи ҳам,

То бувад солу маҳу рӯзу шаб андар такутоз,

Рӯзу шаб ҷуз сабаби раъфату инсоф мабош,
Солу маҳ ҷуз надаби давлату иқбол мабоз!

Дода бар боди ризои ту фалак хирмани даҳр,

Шуста аз оби сахои ту ҷаҳон тахтаи оз.

Номаи умри туро аз фалак ин бод хитоб:

Зиндагонии валинеъмати мо бод дароз!

ДАР МАДҲИ ҶАЛОЛУЛВУЗАРО САИДАССОДОТ

ХОҶА МАҶДУДДИН АБУЛҲАСАНИ ИМРОНӢ ГӮЯД

Чун муроди хешро бо мулки Рай кардам қиёс,

Дар Хуросон тоза бинҳодам иқоматро асос.

Чун ғаниматро муқобил карда шуд бо эманӣ,

Ақл сӣ рӯзу тамаъ моҳе бувад раъсан бар ос.

Эй тамаъ, аз хоки заррин гар тиҳӣ дорӣ ту кис
В-эй тараб, аз оби рангин гар тиҳӣ дорӣ ту кос

В-эй дил, ар қавме накарданд аз ту ёд андар раҳил,
Айб набвад, з-он ки аз атвор нашносанд нос.

То Худованде чу Маҷди давлату дин Булҳасан

Ҳақшиноси бандагон бошад, чи ғам, ӯро шинос!

Он, ки аз кунҳи камолаш қосир аст идроки ақл,
Рост, чун он, к-аз камоли ақл идроки хавос.

Ёбад аз як илтифоташ мулки истиғно ниёз,
Ҳамчунон, к-аз кимиё таркиби зар ёбад ниҳос.

Тароз – зебу оро, нақши ҷома.
Надаб – дов; омади бозии нард ё қимор.
Кис – киса, ҷайб.
Кос – ҷом; шояд мухаффафи «коса» ҳам бошад.
Раҳил – кӯч, кӯчидан.
Нос – одам, одамӣ.
Кунҳ – поёни (таҳи) чизе, кор, вақт.
Қосир – норасо, кӯтоҳ.
Хавос – хос, хосса, муқобили ом.
Ниҳос – мис.

пешина
аз 328
навбатӣ