Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин маонӣ ҳама маълуми Худованди ман аст,
Чун чунин аст, ба мақсуди ҳадис оям боз.

Зебад аз ман ду-се байте зи ҳавои дили хеш,
Шояд, ар бознамоям ба тариқи эҷоз.

Аввало, то ки зи худдоми туам, натвон гуфт,
Ки дари кас ба саломе, масалан, кардам боз.

Хидмати ту чу намоз аст маро воҷибу фарз,
Ба Худое, ки ҷуз ӯро натавон бурд намоз.

Поям аз хиттаи фармони ту берун нашавад,
Сарам ар пеши ту чун шамъ бибуранд ба гоз.

Дар ҳама мулки ту ангушт ба коҳе набарам,
То наёбам зи ризои ту ба сад гуна ҷавоз.

Нест бар ройи ту пӯшида, ки ман хидмати ту
Аз барои ту кунам, н-аз пайи ташрифу навоз.

Чун чунин муътақидам хидмати даргоҳи туро,
Баҳри озори диле аз дари афвам биматоз!

В-ар хаёли ту на бар вифқи муроди ту бувад,
Сурати соҳати ман қоидаи кина масоз.

Гирам, аз рӯи итобаш натавон кард аён,
Охир, аз ваҷҳи насиҳат битавон гуфт ба роз.

Қисса кӯтаҳ кунаму ғусса бипардозам, беҳ,
То наҷоте бувадам, бошад, аз ин гурму гудоз.

Дӣ дар он вақт, ки бар ройи рафеъат бигузашт,
Ки фалон боз ҳадиси ҳаракат кард оғоз,

Гиреҳе гашт бар абрӯи шарифат пайдо,
Аз сиёсат шуда бо уқдаи гардун анбоз,

На маро заҳраи он, к-аз ту бипурсам: он чист,
Ё гумоне, ки кунад гирди замират парвоз,

Соате будаму воқиф нашудам, рафтаму дил
Дар кафи худ чу тазарве шуда дар чангули боз.

Ҷавоз – иҷоза.
Навоз – навозиш.
Чангул – чанг.

пешина
аз 328
навбатӣ