Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҳар он кас, ки баротам бинависӣ шояд,
Ба Камолуддин боре нанависӣ зинҳор,

З-он ки он золими бераҳм яке ҳубба надод
З-он зару ҷомаву карбосу катони ман пор!

Он камоле, ки чу нуқсони вай омад дар пеш,
З-он надидам ман аз он ҳадяи шоҳӣ осор!

Ҳаҷваке хостамаш гуфт, вале тарсидам,
Ки на бар табъи малик рост бувад он гуфтор!

Биҳилаш кардам, агарчанд ки ӯ золим буд,
Бо вайам беш аз ин низ мабодо сарукор!

То ҷаҳон монад, монод вуҷудат ба ҷаҳон,
Бодӣ аз бахту ҷавониву ҷаҳон бархурдор,

Дӯстон ҷамъу надимон хушу давлат боқӣ,
Сари ту сабзу дилат шоду танат беозор,

Ид фархундаву дар ид ба расми қурбон
Сарбурида адуват ҳамчу шутур хору низор!

ДАР МАДҲИ САДРУЛВУЗАРО ХОҶА НОСИРУДДИН
ҲИНИ ОЗУРДА ШУДАН АЗ ҲАКИМ

Зиндагонии валинеъмати мо бод дароз
Дар мазиди шарару давлату пирӯзиву ноз!

Бод маълуми Худованд, ки ман банда ҳаме
Нестам ҷумла ҳақиқат, чу наям ҷумла маҷоз.

Аз маволиди ҷаҳонем ману кулли ҷаҳон,
Чист, к-онро мутағаййир накунад умри дароз!

Аз хилофи ҳаракат мухталиф омад ҳама чиз
Андар ин манзили шодиву ғаму нозу ниёз.

Дар бани Одам, чун он, ки савоб асту хатост,
К-ӯ зи хок асту ҳама хок нишеб асту фароз.

Ҳубба – дона.
Мазид – афзунӣ ва афзункардашуда.

пешина
аз 328
навбатӣ