Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нашавад мушк, агарчанд фаровон монад
Ҷигари сӯхта дар нофаи оҳуи татор!

Алами давлати ту мехи замин асту замон,
Иззати зоти шарифат шарафи лайлу наҳор.

Даҳ раҳ аз нуҳ фалак айём шунидаст сареҳ, 1234 Ки туӣ воситаи ҳафту шашу панҷу чаҳор.

Гар чу фиръавни лаъин хасми ту дар баҳр шавад,
Мавкаби мӯсавиат гард барорад зи биҳор!

Бози тамкини ту ҳар ҷо, ки ба парвоз ояд,
Сар фурӯ дуздад бадхоҳи ту чун бӯтемор.

Гар набандад камари меҳри ту чун мӯр адӯ-т,
Зуд аз пӯст бурун орадаш айём чу мор.

Ту чунонӣ, ки туро нест дар офоқ назир
Ба сафову ба ҳаёву ба суботу ба виқор!

Боз ихвони хирадманди туро чи т-вон гуфт -
Зираку фозилу душманшикану коргузор!

Сарвро, покдило, з-ин фалаки бесарупо
Зиндагонии раҳӣ гашт бағоят душвор,

Нақд мебоядам имрӯз зи хидмат сад чиз,
Нақдтар аз ҳама ҳолӣ фараҷиву дастор.

Бандагонанд фаровон зи ту дар неъмату ноз,
Бандаро низ, чи бошад, ҳам аз эшон ангор!

Вақти он аст, ки хоҳӣ зи карамкилку давот,
Бидарӣ пораи коғаз зи канори тӯмор,

Ҳафт дарё, ҳафт баҳре, ки ба ақидаи қадимиён хушкиро иҳота карда буд: дарёи Чин (Ахзар), Уммон, Қулзум (Аҳмар), Барбар, Уқёнус, Рум (Миёназамин), Сиёҳ.
Шаш ҷиҳат: машриқу мағриб, ҷанубу шимол, таҳту боло.
Панҷ ҳисси зотӣ: самъ (шунидан), басар (дидан), шам (шамидан), завқ (мазза) ва ламс (дарккунӣ бо судани даст).
Чор унсур: хок, об, бод, оташ.
Мавкаб – сипоҳ, лашкар.
Биҳор – баҳр, баҳрҳо.
Бутемор – ғамхӯрак, мурғе, ки аз тарси кам шудани оби дарё дар соҳил ташна менишастааст.
Фараҷиву дастор – ҷомаву салла.

пешина
аз 328
навбатӣ