Мунтахаби девон

Он ҷавонбахт шаҳи покдили поксиришт,
Он накӯсурати некӯсирати некӯкор,
Он ҳунарманди хираддӯст, ки кардаст хиҷил
Баҳру конро ба гаҳи базл яминаш зи ясор.
Кафи ӯ зомини арзоқивуҳуш асту туйур,
Дари ӯ қиблаи аркони билод асту диёр.
Ха-ха, эй қудратро торами гардун курсӣ,
За-за, эй ройи туро субҳи мунир оинадор!
Ҳарчи гӯям ба мадеҳи туву гӯянд касон,
Ту аз он бештарӣ, нест бар ин ҳеҷ инкор!
Мункирони ҳама олам чу расиданд ба ту,
Бар тамизу хираду хулқи ту карданд иқрор.
Эҳтишоми ту дарахтест бағоят олӣ,
Ки нишоту тарабу нозу наим орад бор.
Ту Сулаймониву зери ту фарас тахти равон,
Бахтат аз муъҷиза бар бод нишаста чу ғубор.
Чу каду хасми ту гарданкаш агар шуд, чи шавад.
Ҳам туаш бозканӣ пӯст зи тан ҳамчу хиёр.
Бо ҳама саркашии тавсани гардун чу шутур
Дасти ҳукми ту, бубинӣ-ш, дарун кард миҳор.
Нест ҷуз килки ту, гар килк бувад мушкафшон,
Нест ҷуз табъи ту, гар табъ бувад гавҳарбор.
Ҳамчу борон ба нишеб афтад бадхоҳи ту боз,
Гар ба боло кашадаш чарх дусад раҳ чу бухор!
Душманатро, чу хирад нест агар ганҷи ниҳод,
Нашавад Молики Динор ба мулку динор!
Базл – харҷ; инъом.
Арзоқ – ҷамъи ризқ; вуҳушу туйур – дарандаву парандаҳо.
Билод – шаҳр, кишвар, сарзамин, маҳалли аҳолинишин.
Ха-ха -хаҳ-хаҳ, бисёр хуб.
За-за – зеҳ-зеҳ, зиҳӣ, офарин.
Фарас – асп.
Миҳор – инони шутур, чӯбе, ки аз бинии шутур гузаронда, ба он ресмон мебанданд.
Молики Динор – донишманду зоҳиди машҳур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё