Мунтахаби девон

Нақшбандии ҳаво боз нигаҳ кун бар гул,
Ки дусад доира дар доира зад бе паргор.
Шакли ғунча-ст чу пайкон, ки бувад дар оташ,
Барги бед аст чу теғе, ки барорад зангор.
Гули нор аст дурахшанда чу ёқутин ҷом,
Донаи нор чу луълуву чу дурҷ аст анор.
Тифли ғунча арақ овард зи таб бар рух, аз он
Модари абр бар ӯ ашк ҳамеборад зор.
Дӣ гули сурху сиҳӣ сарв расиданд ба ҳам,
Дар миён омадашон гуфтушуниде бисёр.
Гул ҳамегуфт: туро нест бари ман қимат,
Сарв мегуфт: туро нест бари ман миқдор.
Гул аз ӯ тира шуду гуфт, ки эй бемаънӣ,
Дами хубӣ занӣ, охир, ба кадом истизҳор?
Гӯӣ озодаму ҳар як қадаме пайваста,
Даъвии рақс намоиву надорӣ рафтор!
Сарв ларзон шуд аз он таъна, ба гул гуфт, ки ман
Пойбарҷояму ҳамчун ту наям дастгузор!
Солҳо будам дар боғу надидам рухи шаҳр,
Ту, ки дӯш омадӣ, имрӯз шудӣ дар бозор.
Гул дигарбора барошуфту бад-ӯ гуфт, ки ман
Ҳар ба як сол яке ҳафта намоям дидор,
На бас аз ёзда маҳ будани ман дар парда,
Ки кунун низ бипӯшам руху биншинам хор?!
Сӯи шаҳр аз пайи он рафтам, то дарёбам
Базми хуршеди замин, сояи ҳақ, фахри кибор.
Нозиши мулку малик Носиридин Қутлуғшоҳ,
Ки бад-ӯ фахр кунад тахт ба рӯзе сад бор,
Истизҳор – ба маънои ҷуръат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё