Мунтахаби девон

Ид фархундаву қарин иқбол,
Мулк пояндаву муъин довар.
Чун манат сад ҳазор мидҳатгӯй,
Чун ҷаҳон сад ҳазор фармонбар.
Дер зӣ шодмону ҳиммат ёб,
Комрон мулк дору давлат хӯр!
ДАР МАДҲИ НОСИРУДДИН ҚУТЛУҒШОҲ
Шабу шамъу шакару бӯи гулу боди баҳор
Майу маъшуқу дафу рӯду найу бӯсу канор.
Сабзаву обу гулафшону сабӯҳӣ дар боғ,
Нолаи булбулу овози бути симузор, –
Хуш бувад, хоса касеро, ки тавоноӣ ҳаст,
Вой бар он, ки диле дораду он ҳам афгор!
Навбаҳор омаду ҳангоми тараб дар гулзор,
Чи баҳоре, ки зи дилҳо бубарад сабру қарор.
Соқиё, хез, ки гул рашки рухи ҳавро шуд,
Бӯстон ҷаннату май Кавсару тӯбист чанор.
Мурда хоҳад, ки биҷунбад ба чунин вақт аз ҷо,
Кушта хоҳад, ки зи хун лола кунад ё гулзор.
Кор месоз, ки бе май натавон рафт ба боғ,
Маст рав сӯи чаман, то-т кунад боғ нисор.
Булбули шефта маст асту гулу сарву суман
Написанданд, ки ӯ маст бувад, мо ҳушёр.
Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигзашт,
Гули садбарг бурун раст зи перомани хор.
Чарбдастии Қамар бин ту, ки бе хомаву ранг
Кард атрофи чаманро ҳама пурнақшу нигор.
Ҳавро – ҳурон, занони хубрӯи сиёҳчашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё