Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҷизе буд, бурд бар ту паноҳ
Аз бади рӯзгори бадгавҳар.

Маҳмиле буд, домани ту гирифт
Аз ҷафои сипеҳри дунпарвар.

Тамаъаш буд, к-аз хазонаи худ
Бениёзаш кунӣ ба ҷомаву зар.

Гардад аз дасти бахшиши ту ғанӣ,
Ёбад аз фарри давлати ту хабар.

Бираҳад аз нуҳусати анҷум,
Биҷаҳад аз масоҳати кишвар.

Муддате шуд, ки то бад-он уммед
Чашм дорад ба роҳу гӯш ба дар.

Ҳаст ҳангоми он, ки бозкашад
Бар сари ӯ ҳумои ҷуди ту пар.

Ҳалқа дар гӯши чарх кард бар он-к
Кард чашми инояти ту назар.

Бандаро гӯшмол дод басе,
Ба иноят яке дар ӯ бингар.

Сила додан туро сазовор аст,
З-он, ки он дидаӣ зи ҷадду падар.

Бех, к-онро нишонд дасти сахо-т,
Шохи он ҷуз карам наорад бар.

Нест нодир зи хонадони Низом
Донишу родиву закову ҳунар.

Нур нодир набошад аз хуршед,
Бӯй нодир набошад аз анбар.

То бувад тира хоку софӣ об,
То бувад тунд боду тез озар,

Оламат банда боду даҳр ғулом,
Осмон тахту офтоб афсар,

пешина
аз 328
навбатӣ