Зеҳн
Мунтахаби девон

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 328 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чарх дар ҷанби рафъати ту қасир,
Баҳр дар назди хотири ту шамар.

Дасти роди ту абри бенуқсон,
Табъи поки ту баҳри бемаъбар.

Ваҳмат орад зи рози чарх нишон,
Килкат орад зи сирри ғайб хабар.

Корбанду мусаххару мунқод
Амру наҳйи туро қазову қадар.

Чун бихонӣ хилофи чарх ҳубо,
Чун биронӣ қабули бахт ҳадар,

Посбони сарои қадри туанд
Нуҳ фалак, чор табъу ҳафт ахтар.

Навбати мулки панҷ кун, ки шудаст
Душмани ту чу муҳра дар шашдар.

Чун ту гардад бақадр хасмат агар,
Шаба луълу шавад, араз ҷавҳар.

Эй заминҳилму офтоблиқо,
Эй фалакҳиммату малакмахбар.

Эй бузурге, ки аз бузургиву ҷоҳ
Ҳар ки бар хидмати ту ёфт зафар,

Кард берун зи дасти меҳнат пой,
Бурд аз давлатат ба Кайвон сар.

Бигузашт аз фалак ба мартаба он-к
Кард рӯзе ба даргаҳи ту гузар.

Банда низ ар ба ҳукми уммеде
Хидмате гуфт, аз ӯ аҷаб машмар.

Яъне, чарх назди баландии ту кӯтоҳ.
Яъне, баҳр дар назди андешаи ту ҳавзак, обгир.
Маъбар – ҷои муайяни киштигузар.
Мунқод – ром, тобеъ.
Шаба – санги сиёҳу нарми дурахшанда.
Араз – муқобили гавҳар, аломати зоҳирии ашё, ки ба зоти худ қоим нест (ранг ба матоъ).
Махбар – муқобили манзар: ботин.

пешина
аз 328
навбатӣ