Мунтахаби девон

Хусраво, дар ҳама анвои ҳунар дастат ҳаст,
Хоса, дар шеваи назми хушу ашъори ғурар!
Ҳам бар он гуна, ки устоди сухан Амъақ гуфт:
«Хоки хунолуд, эй бод, ба Исфоҳон бар!»
Бегумон, халқи ҷигарсӯхтаро дарёбад,
Чун зи дарди дилашон ёбад аз ин гуна хабар.
То ҷаҳонро бифурӯзад хури гардунпаймой,
Аз ҷаҳондорӣ, эй хусрави одил, бар хӯр!
ДАР МАДҲИ АЛОУДДИН МУҲАММАД
Эй ба рафъат зи осмон бартар,
Нури ройи ту офтоби дигар.
Эй ту мақсуди ҷинсу навъи ҷаҳон
В-эй ту мухтори хосу оми башар.
Камтарин остони даргаҳи туст
Бартарин боми гунбади ахзар.
Даҳр дар мидҳатат кушода забон,
Чарх дар хидматат бубаста камар.
Назди адли ту, эй ба ҷуд масал,
Рӯзи бори ту, эй ба ҷоҳ самар,
Натавон бурд номи Нӯширвон,
Натавон кард номи Искандар.
Дар ҳавои ту айши хуш мудғам,
Дар хилофи ту бахти бад музмар.
Як насим аст аз ризои ту хайр,
Як самум аст аз хилофи ту шар.
Ин ҷаҳон лафзу ту дар ӯ маънӣ,
Ҳам аз ӯ бешу ҳам бад-ӯ-андар.
Мидҳат – мадҳ, васф, ситоиш.
Самар – натиҷа, таъсир.
Мудғам – пайваста.
Музмар – пинҳон, гум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё