АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Рафтори имрўзаи ҳамсарро дигар хел маънидод кардан натавонист Зариф Бурҳонов. Охир наход шахсе, ки чароғи хонадонро ҳифз карданӣ бошад, ба ҷойи пешвозгирии шавҳар, майлаш, пешвозгирӣ ҳам он тараф истад, ақалан дар хона интизор шудани ў муддати шаш соат бе ному нишон гардад…
То омадани Хумор ҳоло се – чор рўзи дигар ҳаст, магар ин корро то рўзи дигар маъқуф гузоштан мумкин набуд? Шояд ин ҷо таги коса нимкосаест, ки ман намедонам.
Мегўянд, ки роҳ ба дили мард ба воситаи меъдаи ўст ва Нигор ҳам чун ҳар як бонуи хона нағз медоданд, аз ин рў вақте ки Нигор аз паҳлўи ў гузашта ба ошхона рафт аз чӣ бошад, ки Зариф каме ором шуд ва дар дил худро сарзаниш кард, ки беҳуда аз ҳамсараш гумонбар шудааст.
Ба ҷанги зану шавҳар остонаи хона механдад ва Зарифу Нигор ҳам баъди тановули шом ҷанҷолҳои бегоҳирўзиро ба гўшаи фаромўшӣ доданд…
Ситора сар бардошта рў ба рўяш Замираро дид.
– Ту чӣ кор мекунӣ, оча?
– Ҳеҷ чиз хобам набурд, дору мехўрам.
– Ва ҳамаи ҳаминро?
– Охир сарам дард мекунад.
– Наход фикри моро накунӣ ё ту ҳам чун дадаҷонам…
Ин илтиҷое буд, ки аз қалби ҷигарбандаш баромада ўро ба худ овард…
Замира доруҳои дасти модарро гирифта бурда партофт.
Ситора аз хоб шудан тарсид… Тарсид, ки мабодо хобаш бараду…
Сари субҳ Сорбони Ҳомид ба мақсади маълумоти бештаре дар бораи марҳум ҷамъ овардан ба ҷойи кори Боқиев рафт. Дар долони Пажўҳишгоҳ расми калони ўро дид, ки гирдаш ба матои сиёҳ печонида шуда буд ва зераш бо ҳарфҳои калон тарҷумаи ҳол ва фаъолияти меҳнатии марҳумро навишта буданд. Ҳамчунин чанд гулчанбар низ гузошта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё