Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид баъди қироати таъзиянома ва тарҷумаи ҳоли марҳум дар бораи Боқиев хело тасаввурот пайдо карда, рост ба шўъбаи кадрҳо рафт. Мудири шўъбаи кадрҳо марди тоссаре буд ва чун аз мақсади ташрифи ў огоҳ шуд, айнакашро болои миз гузошта, курсиеро нишон дода, ўро ба нишастан таклиф кард. Чун меҳмон ба курсӣ нишаст ў аз чойнике чой рехта ба тарафи меҳмон дароз карда гуфт:
– Писарам чеҳраатон бисёр шинос менамояд, вале бало пирӣ шавад, ҳарчанд фикр мекунам, ки Шуморо дар куҷо дида бошам, ба ёд оварда наметавонам.
– Дирўз маро дар ҷаноза дидед.
– Ҳа, дуруст писарам, тасдиқ кард соҳиби утоқ ва илова кард, ки афсўс ҷавонмард ҳайф шуд?
– Шояд ягон нотавонбине қасди ҷони Давлат Боқиевич карда бошад?
– Ба гумон аст.
– Чаро?
– Чунки ў ҷони одам буд ва ба фикрам дар ҳаёташ пашаро ҳам озор надода аст. Мо ҳама мусибат дорем, чунки олимеро аз даст додаем ва ин на танҳо талафоти як худи мо, балки талафоти илми тоҷик аст, маро дуруст фаҳмед.
– Мефаҳмам, вале вазифаи мо ҳамин хел…
– Ҳамин хел аз дигарон гумонбар шудан.
– Гуфтам – ку ин вазифаи мост, вале дар ҳама ҳолат мо шарафи инсонро аз ҳама боло медонем. Ҳоло дар атрофи якчанд назарияҳо кор карда истодаем ва то кунун қасосро ҳам инкор накардаем.
– Шумо аз ягон корманди мо гумонбаред?
– То ҳол не, бесанҷиши дақиқу ҳаматарафа ин масаларо ҳам инкор карда наметавонем.
– Мехостам фаҳмам, ки чӣ боиси нигоҳдории чунин назария гаштааст?
– Пеш аз ҳама мансаби ишғолдкардаи марҳум ва дуюм азои Шўрои илмӣ буданашон.
– Албатта, берақобат пешравии бузургро дар илм ҳам интизор шудан мумкин нест. Дар ҳақиқат Давлат Боқиев бо таклифи Академияи улуми ҷумҳурӣ як сол пеш Тоҷикистон омад. Ў то он вақт дар яке аз институтҳои тадқиқотии Федератсияи Русия кор мекард ва новобаста аз он ки рисолаи докториаш дар арафаи анҷомёбӣ буд, таклифро қабул кард.

пешина
аз 408
навбатӣ