АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ў бесадо мегирист. Сар бардошта ба рўйи фарзандонаш нигарист. Ҳамин вақт қатраи ашкаш ба рухсори Парвизи дар паҳлўяш буда афтида ўро бедор кард…
– Оча.
– Гуфтам – ку хоб кун.
– Оча, чаро гиря мекунӣ?
– Хоб кун Парвизҷон.
Писарбача дигар чизе нагуфта хомўш шуд.
Вай боз ба андеша рафт: Ё шояд касе қасди ҷони ў дошт?
Ҳеҷ боварам намеояд охир. Ў пашшаро озор додан намехост.
Наход шахсе, ки қасди ҷонаш намудааст, фикри фарзандони ўро накард. Не, не, ҳеҷ боварам намеояд, ки касе қасди ҷони Давлат карда бошад. Шояд ўро ба ҷуз ман ёре буд? Пас агар ёр буд, чаро қасди ҷонаш кард? Ман розӣ будам, ки ў ба назди он ёраш равад, вале зинда монад. Сояаш алббата ба сари ҷигарбандонаш мерасид… Акнун чӣ? Мегўяд аз Ҳиндустон хабар меояду аз гўристон не. Давлат моро ба ҳамин аҳвол гузошт…
Ў оҳиста аз ҷойи бархоста ба хонаи шафат гузошта, чароғ даргиронд ва назди расми дар чорчўба будаи худу шавҳар рафт…
Нигоҳи пурсўзи ў аз расми хомўш ҷўёи ҷавоб буд, вале то субҳ ў ҷавобе нагирифт…
Марги шавҳар захмҳои шифо наёфтаи дилашро ки бародаронаш гузошта буданд ба сўзиш овард. Хост аз дасти фалаки каҷрафтор худкушӣ кунаду яку якбора ба ҳамаи ин сўзу гудоз хотима диҳад.
Ба ҳамин мақсад ў ба ошхона рафт, дар косае об гирифта баргашт ва даҳ дона доруи хобро рўйи даст гирифта, ду донаашро ба даҳон андохта сеюмашро гирифтанӣ буд, ки касе дасташро дошт…
“Аспу зану шамшери вафодор кӣ дид? ”– гуфтани мардумро Зариф ба ёд оварда дилаш гум ва пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд. Наход Нигор ҳам… “Асп дар зери пойи худам налангад” гуфта буд ў ба хешовандонаш вақте, ки ўро ба “корнамоиҳои” ҳамсари ояндааш шинос намуданд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё