Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мўйсафед гуфт ки дар шароити ҷумҳурӣ бо нархи ҳамин ангуштарин як се хонагӣ гирифтан мумкин, вале дар мамлакатҳои ғарб барои он маблағи гўшношуниде медиҳанд. Мўйсафед, гуфт ки нигини ангуштарин 17,5 қирот алмос дорад, ки ин ба гуфтан осон…
– Номи мўйсафед?
– Усмон, ё аз ҳамин қабил ба ҳар ҳол фаромўш кардам.
– Шояд Осмон Самад – оғлӣ?
– Ҳа, худи худаш. Шумо ҳам ўро мешиносед?
– Ҳа.
– Ба фикрам ҷони одам.
– Ширинкома додед?
– Ҳа, вале мўйсафед нагирифт. Саргузашти маро шунида оҳ кашида гуфт, ки духтарам зиндагӣ худаш ҳамаи ширинкомаҳоро аз ту гирифтааст…
Ман ба хона баргашта муддате тарсу ҳаросро ҳис кардам, гумон мекардам, ки мўйсафед дар ин бора ба ягон кас аз беэҳтиётӣ даҳон мекушояду ман дар бало мемонам. Хушбахтона, гумони ман ботил баромад. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки зиндагиро аз нав оғоз кунам, оила ташкил кунам ва дар интиҳо дар сари гаҳвораи тифлам суруди алларо хонам. Барои амали шудани ин мақсадам ман бояд ангуштаринро фурўхта хонаамро иваз мекардам. Бо ин мақсад оҳиста оҳиста ба ҷустуҷўйи шахсе баромадам, ки нисбат ба ангуштарин таваҷҷўҳ зоҳир намояд ва бинед, ки қисмат маро ба Замира Аскаровна рў ба рў кард.
– Кӣ шуморо шинос кард?
– Як дугонаам?
– Ному насабаш?
– Фирўзаи Аҳмад. Ў дар ин ҷо гуноҳе надорад, мо ҳарду дар мактаби миёна якҷоя таҳсил кардаем ва то ҳанўз муносибатамон чун давраи мактабхонӣ боқӣ мондааст.
– Баъд чӣ шуд?
– Дар яке аз рўзҳои аввали даҳаи дуюми моҳи феврал Замира ҳамроҳи Фирўза ба хонаи ман омаданд. Ҳамин хел мо шинос шудем.

пешина
аз 416
навбатӣ