АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ангуштаринро ман ҳамчун чизи муқаддас нигоҳ медоштам ва суханони модарамро ба ёд меовардаму дилам каме ҳам бошад қувват мегирифт. Пас аз марги модар тағоям сарпарасти ман шуд ва барои эҳтиёт ман ангуштаринро чун «туморча»
дўхта ба бозуям бастам ва ин сирро ба касе нагуфтам. Аз чӣ бошад, ки ситораи ман бо зани тағоям рост наомад ва ҳамаи инро тағоям дида дарун – дарун месўхт, вале чорае андешида натавонист. Зани тағоям чораи ин корро ҳам ёфт. Ў маро ба сабукпоӣ айбдор кард…
Дар интиҳои кор аз куҷое хостгорҳо омаданду тағоям ба наздам даромада, насиҳати бисёр намуд ва розигии маро бо як шарт гирифт.
– Чӣ шарт?
– Ман бояд чароғи кулбаи фақиронаи падару модарамро фурўзон мекардам, аз ин рў гуфтам, ки агар домод ба хонаи мо биёяд, ман розӣ.
– Ҳарчанд хостгорҳо ба ин шарт розӣ шуда рафтанд, вале дигар ба хонаи мо барнагаштанд.
– Чаро?
– Ба фикрам шарти гузоштаи ман ба зани тағоям маъқул нашуд. Ў аслан мехост, ки барои сарпарастии ман дар давоми се сол он хонаҳоро баъди ба шавҳар рафтани ман аз худ намояд, бинобар ин бо кадом роҳе маро дар назди хостгорҳо бадгўӣ кардааст.
Дигар касе ба хостгорӣ наомад. Дар тули ин се сол косаи сабрам лабрез шуд ва баъди ин ҳодиса хонаи тағоямро тарк кардам. Омадам ба он кулбаи гилини фақиронаи падар ва чароғашро равшан намудам. Ба ҳар ҳол озодиро ҳис кардам.
Аммо ҳамин озодӣ ҳаёти маро дуюмбора шикаст, чунки ман аз ҳавои он дуруст нафас гирифта натавонистам.
Ба фикрам дуои зани тағоям мустаҷоб шуд, ки ду бор ба шавҳар баромадам, вале зиндагиам дуруст нашуд… Дар ин давом бо ашхоси табақаҳои гуногун шиносоӣ пайдо кардам.
Чун фаҳмидам, ки мўйсафеди озарие нархи ҳама гуна чизҳои қиматбаҳоро медонад, ду – сол пеш ангуштаринро гирифта, назди ў рафтам. Мўйсафед онро аз назар гузаронида, таърихи чи тавр ба дасти ман афтиданашро пурсид ва ман бе каму кост он чи ки ба Шумо гуфтам, ўро низ аз таърихи ангуштарин огоҳ карда будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё