АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Барои эҳтиёт гуфтам, ки ангуштарин ҳоло дар хона нест. Замира Аскаровна гуфт, ки пагоҳ боз меояд ва ман ваъда додам, ки фардо ҳатман ангуштаринро гирифта меоям.
Рўзи дигар Замира танҳо омад. Ангуштаринро ба ў нишон додам. «Қимати зар заргар бидонад»– гуфтагӣ барин Замира бо чӣ сару кор доштанашро фаҳмида, нархи онро пурсид.
– Ду ҳазор доллар гуфтам ман.
– Ў розӣ нашуд ва маро бовар кунонд, ки ҳеҷ кас ба чунин нарх ангуштаринро нахоҳад харид. Ниҳоят нархи ангуштаринро 1200 доллар қарор додем. Замира нисфи маблағи онро ба ман дода гуфт, ки онро бояд ба шавҳараш нишон диҳад ва агар ў розӣ шавад, боқимондаи пулро фардо меорад.
– Субҳи фардояш ў ангуштаринро баргардонда, узр пурсида гуфт, ки ҳамсараш барои харидани ангуштарин розӣ нашуд ва илова кард, ки ман боз як моҳ онро нигоҳ дорам.
Аммо субҳи 24–феврал ў боз ба назди ман омада хоҳиш кард, ки ангуштаринро ба ў диҳам. Ў сесад доллар ба дастам дода, гуфт ки боқияшро баробари аз шаҳри Тошканд баргаштанаш бармегардонад. Ман аввал розӣ нашудам. Ў гуфт ки дафтар биёрам. Чун дафтарро ба ў додам дар варақи тозае бо нишон додани ҳамаи сабтҳои шиносномааш ба ман забонхате навишта дод, ки аз ман ҳазор доллари дигар қарздор аст.
– Ана, боз сад доллар нархи ангуштаринатро зиёд кардам, баъди як ҳафта гашта меоям, боз чӣ мехоҳӣ? – пурсид Замира Аскаровна забонхатро ба дасти ман дода. Ман ба ғайр аз розӣ шудан дигар илоҷ надоштам.
Ман ўро то берун гусел кардам ва дигар надидам. Баъди се ҳафта фаҳмидам, ки ўро ба қатл расониданд, бино бар ин забонхаташро нусха бардошта ба назди шавҳараш рафтам. Ў бошад ҳатто маро гўш кардан нахост… Ана, ҳамин тавр, – оҳ кашида гуфт Тағойгул ва илова кард, ки «Беосуда куҷо равад ки осуда кунад?»
…Баъди рафтани Тағойгул Акбаршоҳ бо шогирдаш натиҷаи пурсиши ўро бори дигар муҳокима намуданд.
Абдумаҷидов ба Сафар миннатдорӣ баён намуд, ки ў дар муваффақиятҳои ба даст оварда ҳиссаи арзанда гузоштааст.
– Ман ҳеҷ меҳнате накардаам,– хоксорона гуфт Сафар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё