Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Суҳбат зиёда аз як соат тул кашид ва Олимӣ ба Табарову Абдумаҷидов ваъда дод, ки дар ҳама ҳолат онҳоро дастгирӣ хоҳад кард.
Вақте ки аз утоқи кории Олимӣ баромаданд, Табаров ба Акбаршоҳ рў оварда гуфт:.
– Дидед, аз як гиребон сар баровардан чӣ хубест.
– Ҷомаи бомаслиҳат кутоҳ намеояд,– гуфт Акбаршоҳ…
Ў ба идора омада аз навбатдор дар бораи Сафар Ислом пурсон шуд ва чун фаҳмид, ки то ҳанўз аз шогирд хабаре нест, бо дили нохоҳам аз зинаҳо боло баромад. Ба кабинет даромада ҳуҷҷатҳое, ки чанд рўз пеш Табаров бурда буд ва имрўз баъди вохўрӣ бо Олимӣ онҳоро пас гирифт, болои миз монда, ба курсӣ такя карда чанде истод ва чизе ба ёдаш омад, ки ба соат нигарист. То танаффуси нисфирўзӣ боз ним соат вақт буд. Боз қайдҳои шогирдро варақ зад.
Аз замони кашфи алмос то ба имрўз алмоспораи аз ҳама калонро соли 1888 дар яке аз конҳои Африкои Ҷанубӣ ёфтанд, ки он 3106 қирот вазн дошт. Онро ба 104 пора тақсим карда, сайқал доданд, ки аз ҳама пораи калони онро Гуллинон –1 ном гузоштанд. Ин пора ва боз чанд пораи хурдтари дигар ба номи сарвари ширкати алмосистеҳсолкунанда Гуллинон Диаманд гузошта шуд. Ин алмос шаафоф ва тухмшакл буда 530,2 қирот вазн дорад ва кавкаби шоҳи Британия Эдуарди –7–ро оро медод. Алмоси мазкур ҳоло дар хазинаи ин давлат маҳфуз аст*.
Манбаҳои таърихӣ, асарҳои илмӣ, чун рисолаи «Сангшиносӣ»–и А. Берунӣ ва назми оламшумули форсу тоҷик аз хуб ошнои доштани мардуми мо ба усули коркарди алмос пурра шаҳодат медиҳанд.
Калимаи алмос ташбеҳи теғ, дандон, оби дида ва ғайра мавриди истифода қарор ёфтааст. Шояд дар ягон назми халқҳои ҷаҳон алмос чун дар назми форсу тоҷик сутуда нашуда бошад…

*Ҳамаи маълумотҳоро оид ба алмос аз мақолаи «Ту гуфти ки алмос ҷон дораде…» –и номзади илми таърих Усмон Эшонқулов истифода шудаанд ва муаллиф аз муҳтарам Эшонқулов сипосгузор аст.

пешина
аз 416
навбатӣ