Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Олимӣ аз ҷойи бархоста бо Табаров ва Абдумаҷидов даст дода вохўрӣ кард ва ҳардуро ба нишастан таклиф намуд.
Лаҳзае кабинетро хомўшӣ фаро гирифт.
– Хуш, корҳо чӣ хел? –пардаи хомўширо дарида,–гуфт прокурор.
– Бад не гуфт Табаров.
– Аз ҳамин ҳам бадтар шуданаш мумкин – мӣ?– эътироз кард прокурор.
– Албата.
– Чи хел?
– Аз ин батараш он ки тафтишот ягон гиреҳеро оид ба ин ҷиноят дар даст надошта бошад.
– Аз гиреҳҳои беохир магар нафъе ҳаст?
Абдумаҷидов ки то кунун хомуш буд гуфт.
– Мо аллакай аз нимароҳ гузаштем ва нисфи дигари роҳро ҳам бо мададу дастгирии Шумо иншоолоҳ хоҳем паймуд.
– Кай Шумо ёрӣ пурсидед, ки мо рад кардем?
Табаров хост чизе гўяд, вале Абдумаҷидов ба ў имконияти сухан гуфтан надода гуфт.
– Паймудани нисфи роҳ ин танҳо ранҷ буд ва ману Исҳоқ Табарович онро ба души хеш гирифтем ва акнун ки дар пояи ганҷ истодаем ба мададу дастгирии Шумо эҳтиёҷ дорем.
– Дар пояи ганҷ истоданатонро аввал исбот кардан лозим?
Абдумаҷидов оид ба вазъи корҳои таъҷилӣ ба таври мухтасар прокуроро огоҳ сохт.
– Агар дар ҳақиқат кор дар чунин поя бошад бад не, хурсанд шуд Олимӣ ва ба муфаттиш гуфт, ки чаро ўро дар ин бора огоҳ накардааст.
– Ҳар он чи ки Акбаршоҳ гуфтанд ин дар асоси корҳои таъҷилӣ ба даст омадааст ва тафтишот то ҳанўз корро дар ин самт ба поён нарасонидааст, аз ин рў ман Шуморо дар ин бора огоҳ накардам.
– Ин милисаҳо бало,– хандида гуфт Олимӣ ва илова кард, ки дирўз дар маҷлиси мушовараи прократураи ҷумҳурӣ барои паст будани дараҷаи кушодашавии ҷиноятҳои вазнин ба ў огоҳӣ доданд. Акнун ки Шумо маро барои бардоштани ганҷ бовар кунонидед, огоҳӣ ба мукофот табдил меёбад.

пешина
аз 416
навбатӣ