АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ба ҳар ҳол он шаби охирин ў дар пояш тифлии нав дошт. Хайр барои пушидани онҳо насибаш набудааст. Барои эҳтиёт ангуштаринро ба ҷойи бехавфтаре пинҳон кардан лозим.
Лекин дар куҷо? Шояд дар таҳхона? Не, худораҳматии момоям мегуфтанд, ки мўш ошиқи ҳамин чизҳои ялақоссӣ аст. Ба дасти худ онро барои мўш гузоштан беақлист. Ниҳоят фикре дар сараш омаду онро ҳамчун ихтирооти радсионалӣ пазируфт…
Бо ҳамин фикру хаёлҳо ўро хоб бурд, бехабар аз он ки дигарон ўро назорат доранд…
… 34 …
– Алло.
– Гўш мекунам.
– Акбар Ҳакимович?
– Бале.
– Ба прократура биёед.
– Тинҷӣ–мӣ?
– Шеф мепурсад.
– Ҳоло Сафарро интизорам, ў бояд соҳиби он долларҳоро ёфта биёрад, шояд баъди нисфирўзӣ биёям.
– Шеф баъди ним соат бояд моро қабул кунад.
– Чи ягон ҷо сухтор шудааст?
– Намедонам, ба фикрам дирўз дар маҷлиси мушовараи прократураи ҷумҳурӣ, ки аз рўйи ҷамъбасти семоҳаи якум баргузор гардида буд, сарашро «сила» намудаанд.
– Ана, гап дар куҷо!
– Барои ҳамин тезтар биёед.
– Гўш кунед, Исҳоқ Табарович ҳаррўз подполковник Додарбеков сари манро «сила» карда истодааст. Бигузор шефат сари худатро «сила» кунад.
– Рафиқ майор ҳардуи мо аз рўйи вазифа дар як сатҳем, пас барои бартараф кардани камбудиҳо аз як гиребон сар бароварданамон лозим.
– Ин хел ки бошад ман розӣ ҳозир меоям, – гўён Абдумаҷидов гўшакро ба ҷояш гузошта аз аз кабинет баромад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё