АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Биорам, тундӣ раҳо кун зи даст, Ки алмос з– арзиз бояд шикаст.
Низомӣ
Аз лаъл ҳиҷоб созад алмос, Рухсораи ҳамчу қаҳраборо.
Анварӣ
Дар нимаи дуюми рўз Сафар Ислом ба милиса омад. Ў интизори пурсиши устод нашуда, барои ним рўз дер монданаш узр пурсид.
– Боке нест,– гуфт Акбаршоҳ ва пурсид, ки кани Бурҳонова?
– Он кас дар берун.
– Чаро?
– Хостам Шуморо ба ҳаёту фаъолияти ў каме шинос кунам.
– Ин корат нағз. Аслан, суҳбати кўр – кўрона натиҷаи дурусте нахоҳад дод. Хуш, гап занед, ки Бурҳонова чӣ касест.
Сафар ба таври мухтасар аз рўйи маълумотҳои гирдовардаи хеш нисбат ба Бурҳонова ҳарф зад.
– Акнун ўро ба ин ҷо даъват намоед.
– Хуб шудааст…
Лаҳзае пас ҷавонзани биступанҷ – сӣ сола вориди утоқи кории сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд.
– Марҳамат, гузашта шинед,– гуфт Акбаршоҳ Бурҳонова ба курсӣ нишаста гуфт, ки беҳуда маро ҷеғ задаед. Он чи ки медонистам ба ин кас (ў бо ангушташ Сафарро нишон дод) гуфтам ва ба гумон аст, ки аз он бештар ба Шумо чизе гўям.
– Ба ҳар ҳол он чи ки ба ин кас гуфтед, бори дигар такрор карданатон лозим.
– Чаро?
– Чунки сухани ҳавоиро дар ягон ҷо дўхта намешавад.
– Коғазбозӣ гўед?
– Ин кори моро ҳарчи ки дилатон хоҳад, ҳамон хел номед.
– Аслан, ман коғазбозиро хуш надорам.
– Новобаста аз хоҳиши шумо мо бояд нишондодатонро ба ҳамин варақаҳои сафед (Абдумаҷидов варақаҳои дар пешаш бударо нишон дод) нависем.
– Хуш бифармоед,– бо табассуми зебое гуфт ҷавонзан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё