Ишқи сархӯр

Бобои Мирзораҳим он рӯз то қариби шом дар ҷояш шишта натавонист, ҳолаш давидану давидан. Хайрият бегоҳ шудаву ҳама рафтанд ва хастаю монда, дари хоначаашро кушоду худро ба ҷогаҳ партофт. Аммо хобаш наомад.
– Даруни ҷойхоб ним мегаштам, паҳлу мезадам, нашуд, аз ҷой хеста, аз кулба берун омадам. Гӯристон дар шабӣ хомӯш, торик, осмон пурситора, боди шабонгоҳ мевазид, ба гӯшам шибир-шибир гӯё аз гӯрҳо садо меомад, мурдаҳо гап мезаданд. Гирдогирди гӯрҳо мегаштам. Аз назди гӯри муаллим Нуриддини Насриддин гузаштаму ба хотирам расид, ки хуб нашуд. Ақиб гаштам, ба муаллим гап андохтам: «Муаллим, бубахшед, худам ҳастам, худам, бобои Мирзораҳим», – баъд аз муаллим узр хоста дар сари гӯри завҷаи азизам истодам, бо рӯймолча санги болои гӯрашро тоза кардам, тозагиро дӯст медошт. Сипас чӣ кор карданамро надониста, рӯ ба гӯрҳо меистодам. Ба ногоҳ ба гӯшам садое омад, овози гиряву нола аз болотари гӯристон, аз ҳамон тарафе, ки духтари пайи қинғоларо ба хок монда буданд. – Шояд модар ё хоҳараконаш омадаанд, фикр мекардам. Не, занҳо ба гӯристон намеоянд, боз дар шабӣ, ки надонӣ вақти шаб. Ё худи духтар намурда будаасту зинда шудааст? Ҳамин хел шуданаш мумкин, ин гуна воқеаҳо рух додаанд.
Бобои Мирзораҳим ба фикр афтод. Кош ҳамин хел шуда бошаду ӯ дасти духтарро гирифта хонаашон барад. Як тӯй, хурсандӣ, кори таърихӣ. Овози гиря, нолаи пурсӯз баландтар гашт. Бобои Мирзораҳим асои дарози ба қадаш баробар дар даст сӯи овоз роҳ гирифт, аз миёни гӯрҳо гузашт, саросема, пешпо хӯрда, меафтоду такя ба асо рост мешуд, ки зудтар ба сари манзили охирати духтар расад. Наздик шуд. Ӯ дуруст пиндошта, ки гиряву нола аз болои гӯри духтари номурод.
Болои қабр одам, курта, рӯймол, ҳама либосҳояш сафед, мисле, ки кафан дар бар духтар аз гӯр берун омада. Фикраш дуруст барин, духтар зинда шудааст, болои хок дароз кашидааст, онро оғӯш кашидааст. Ба овози духтар гӯш дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё