Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Давоми беш аз 20-соли гӯрбонӣ бобои Мирзораҳим чунин воқеаеро надида буд, ки ҳафтаи гузашта рух дод. Чунон тарсиду талхакаф шуд, ки то ҳозир ҳам ба худ наомадааст. Ҳол он ки то дина чун баъзеҳо аз ӯ мепурсиданд, ки «Бобои Мирзораҳим, шумо шабҳо дар гӯристон мехобед, худатон танҳо, чароғ не, торикӣ, гирду атрофатон пури гӯр, наметарсед?»
Бобои Мирзораҳим оташин мешуд.
– Аҷаб гапе, – мегуфт ӯ, – наход одам аз гӯристон тарсад, ин хел нагӯед, аз марг ҷои гурез нест, оқибат ҷои ҳамаамон гӯристон. Баъд, ҳамина гӯед, ки ҳамон гӯрҳое, ки мегӯед, метарсидаам, аз они кӣ? Гӯрҳои хешу табор, ҷигарбандҳои худамон, ҳамонҳое, ки бо ҳам будем, бо ҳам мегуфтему механдидем, як пиёла чою як луқма таома бо ҳам медидем, роздони ҳоли ҳамдигар будем. Як мисолаш, дина муаллим Нуриддини Насриддина худам дар гӯр мондам. Умри бисёр надид, беозор буд, як дунёю саломуалайку ҳолпурсиҳош, доимо ду даст пеши бар, овози баландашро нашунидем.
Себҳояш, ки мепухтанд, хона ба хона тақсим мекард. Ҳоло ҳам мазаи он себҳо аз даҳонам нарафтааст. Баъд аз гӯри ҳамин хел одам метарсам? Боз гӯрҳои раҳматии холаҷон, завҷаи худам. Мефорама, ки соатҳо сари гӯри очаи бачаҳом шинаму ба ёд биёрам. Баъзан дар хона зиқ мешаваму боз ба гӯристон меравам.
Лекин бовар кунед, ки ана, ҳамин бобои Мирзораҳим баъди воқеаи ҳафтаи гузашта чашмаш тарс хӯрд, чунон тарсид, ки ҳоло ҳам воҳимааш нарафта. Ҳар касе дар ин бора пурсад, чунин нақл мекард:
– Баъди пешин ба гӯристон мурда оварданд. Мурдаи як духтар будааст, ёш, паи қинғола. Лекин ба аҷали хонасӯхта чӣ мегӯӣ? На ёш мегӯяду на пир, на шоҳ мегӯяду на гадо. Ба ҳама як хел. Духтар сӯзандаи бисёр доштааст, аз паси тобуташ одамон ҳамел. Гиря, нола, оҳу афғон. Гӯристон пури одам шуд. Ба по рост мондам. Хизмати муллою муллобачаҳо, об биёр, кулӯх биёр, даст об гир, кӯрпача андоз, болишт ёб, кафшу калӯшҳоро пеш гузор.

пешина
аз 234
навбатӣ