Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман омадам, ҷонакам, омадам. Ту барои ман ҷон додӣ, фидои ман шудӣ, вале ман ба ваъда вафо карда натавонистам, ман зинда. Нагӯ, ки туро фиреб додам, не, ҳеҷ гоҳ. Маро доштанд, мурдан намонданд, омадам, наздат омадам, такрору такрор мегуфт духтар ва ҳасрат мекард: – Манзилатро ёфтам, акнун дар болои гӯрат худамро мекушам, ду мурда дар як гӯр, афсона, афсонаи ошиқон, ошиқони номурод.
Ҳамин лаҳза дар тобиши маҳтоб, ки акнун рух менамуд, дами корд дурахшид. «Корд дорад? Худашро мекушад, боз як мурда. Пагоҳ назди мардум чӣ ҷавоб мегӯяд? Дар бало мемонад. Не, ин духтар оне нест, ки инҷо гӯронда буданд.
Вай бечораро дилаш зада мурда будааст. Ин духтар худамро мекушам, мегӯяд. Аз ҷинси одам набудагӣ барин». Вуҷуди бобои Мирзораҳимро тарсу ҳарос фаро гирифт, вай ба сухан омад:
– Эй Худозада, ту кистӣ? Инсӣ ё ҷинсӣ? Барои ту ҳеҷ кас ҷон надодааст, дафъ шав, рав аз ин ҷо, рав, наравӣ зада сари таёқ мекунам, хез, ба роҳат рав! Рав!! – Бобо асояшро баланд бардошта чунон ба болои гӯр зад, ки чанги хок ба осмон хест.
Ва боз асоро бардоштанӣ буд, ки духтар овоз баровард:
– Бобои Мирзораҳим, дафъ шав, ҳозир дафъ шав аз назарам, ришҳоятро канда мепартоям, мекушам! – гуфта духтар аз рӯи гӯр рост шуд.
– Ту, Худозада, номи мана аз куҷо медонӣ?
– Номи зану духтарҳоятро ҳам медонам.
Ҳароси бобои Мирзораҳим садчанд шуд, яқин гашт, ки духтар парӣ ё чӣ ҷину аҷинае. Вагарна номи ӯро аз куҷо медонад, хона, фарзандонашро ҳам медонистааст. Беақлӣ кард, ки ба сари ӯ асо бардошт, акнун аз ӯ халосӣ намеёбад, парӣ ба ӯ ёр мешавад, рӯз намедиҳад. Вай боз як одами тоқаю танҳо дар гӯристон. Рӯ ба тарафи поини гӯристон давид. Бо тарсу ҳарос ба ҳуҷраи хобаш даромад, дарро аз болояш қулф андохт, шаб ба саҳар меомаду аз хоб намехест. Дари ҳуҷраро тарақ-тарақ бо санг заданд.
– Бобои Мирзораҳим, ҳой бобои Мирзораҳим, рӯз шудааст, шумо ҳоло ҳам хоб? – шунид овозеро. Дарро кушод, дар паси дар як бачаю духтар, даст ба дасти ҳам дода меистоданд..

пешина
аз 234
навбатӣ