Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

❖ Ҳар кӣ худро бишиносад ӯро бишинос;
❖ Дар ҳолати ғазаб сухан фаҳмида гӯӣ;
❖ Ба вақти баромадани офтоб махӯс;
❖ Пеши мардум ғазо махӯр;
❖ Аз бузургон ба роҳ пеш марав;
❖ Дар миёни сухани мардум маё;
❖ Пеши кас сар ба зону манеҳ;
❖ Чапу рост манигар, балки назар ба сӯи замин бидор;
❖ Агар тавонӣ ба шутури бараҳна савор нашав;
❖ Меҳмонро кор нафармой;
❖ Ба девонаву маст сухан нагӯӣ;
❖ Ба фориғу авбошон бар сари маҳалла манишин;
❖ Ба ҳар суду зиён обрӯи худро марез;
❖ Аз ҷангу фитна дар канор бош.

ҲИКМАТ

Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмати Луқмон.
Марди адабро хирад физояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон.
(Рӯдакӣ)


Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:

  • Ҳикмат аз кӣ омӯхтӣ?
    Гуфт:
  • Аз нобиноён, ки то ҷой набинанд, пой нагузоранд.
    (Аз «Гулистон»-и Саъдӣ)

Саъдии бузург дар асари абадзиндааш «Гулистон» боз сабт намудааст:
«Луқмони Ҳакимро гуфтаанд:

  • Адаб аз кӣ омӯхтӣ?»
пешина
аз 566
навбатӣ