Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

❖ Аз бадсилоҳон чашми вафо мадор;
❖ Беандеша дар кор машав;
❖ Нокардаро карда машмор;
❖ Кори имрӯза ба фардо маяфкан;
❖ Бо бузургон аз худ мазоқ макун;
❖ Бо мардуми бузург сухан дароз магӯй;
❖ Мардуми оддиро густох масоз;
❖ Ҳочатмандро навмед макун;
❖ Аз ҷанги гузашта ёд макун;
❖ Хайри касон ба хайри худ маёмез;
❖ Моли худро ба дӯсту душмани худ манмой;
❖ Хешовандӣ аз хешовандон мабар;
❖ Касонро, ки нек бошанд ба ғайбат ёд макун;
❖ Дар пеши мардум ҳилоли дандон макун;
❖ Ангуштон ба ҳам магузор;
❖ Дар ҳамёза даст ба даҳон неҳ;
❖ Ангушт дар бинӣ макун;
❖ Мардумро дар пеши мардум ҳиҷил макун;
❖ Чашмакзанӣ ба чашму абрӯ макун;
❖ Сухани қазломехта магӯй;
❖ Сухани гуфта дигар бор махоҳ;
❖ Аз сухане, ки ханда ояд, ҳазар кун;
❖ Худро чун занон маёрой;
❖ Забон нигоҳ дор;
❖ Дар вақти сухан даст начунбон;
❖ Ба бадомади касон ҳамдастон машав;
❖ Мурдаро ба бадӣ ёд макун, ки суде надорад;
❖ То тавони ҷангу хусумат макун;
❖ Қувваозмоӣ мабош;
❖ Нони худ дар суфраи дигарон нахӯр;
❖ Дар корҳо таъҷил макун;
❖ Барои дунё худро дар ранҷ маяфкан;

пешина
аз 566
навбатӣ