Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
ПАНДУ ҲИКМАТҲОИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ
❖ Сухан ба андозаи хеш гӯй;
❖ Қадри мардумро бидон;
❖ Ҳаққи ҳама касро бишнос;
❖ Рози худро нигоҳ дор;
❖ Ёрро вақти сахтӣ биёзмой;
❖ Дӯстро бо судду зиён имтиҳон кун;
❖ Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез;
❖ Дӯсти зираку доно гузин;
❖ Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намой;
❖ Тадбир ба мардуми муслеҳ ва доно кун;
❖ Суханат ба ҷиҳат гӯ;
❖ Ҷавониро ғанимат дон;
❖ Ёрону дӯстонро азиз дор;
❖ Бо дӯсту душман абрӯ кушода дор;
❖ Модару падарро ғанимат дон;
❖ Ҷавонмардӣ пеша кун;
❖ Хизмати меҳмон ба воҷибӣ адо кун;
❖ Дар хона ки дарой, чашму забонро нигоҳ дор;
❖ Ҷомаву танро пок дор;
❖ Бо ҷамоат ёр бош;
❖ Фарзандро илму адаб биомӯз;
❖ Кам гуфтану хуфтану хӯрданро одат кун;
❖ Ба ҳар кас кор ба андозаи ӯ кун;
❖ Аз ҳар чӣ ба худ маписандӣ ба дигарон маписанд;
❖ Корҳоро ба донишу тадбир кун;
❖ Ба шаб чун сухан гӯй, оҳиставу нарм гӯ;
❖ Ба рӯз чу гӯй, ба ҳар сӯ нигоҳ кун;
❖ Ноомӯхта устодӣ макун;
❖ Ба зану кӯдак роз нагӯй;
❖ Бар изи касон дил манеҳ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё