Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Китоби дарсии Менеҷмент аз 4 қисм иборат буда, дар қисми аввал маълумоти мушаххас оид ба назария ва амалияи менеҷмент, таърихи пайдоиши мактабҳои классикии омӯзиши менеҷмент, мавқеи иҷтимоию фарҳангӣ ва таърихию этникии тоҷикон дар инкишофи илми менеҷмент оварда шудааст.
Дар қисми дуюми китоб вазифаҳо ва талаботи ташкили менеҷменти ташкилот, мақоми менеҷер-пешвоён дар менеҷмент, роҳҳо ва шаклҳои ташкили фаъолияти роҳбарӣ, тарзу усули кордонӣ, муносибатҳои навоварӣ, инкишофи равандҳои алоҳидаи менеҷмент дар шароити ҷаҳонишавии (глобализатсия) иқтисодӣ муфассал баён гардидаанд.
Қисми сеюми Менеҷмент санъати роҳбариро дар бар гирифта, дар он оид ба талабот ва роҳҳои санъати роҳбарӣ, муносибат бо кормандон, истифодаи вақт, шахсият ва худшиносӣ, муноқишаҳо ва ҳолати рӯҳии роҳбарӣ, санъати ташкили лоиҳаҳои мақсаднок ва андешаронии стратегӣ, ташкили идоракунии буҷавӣ ва фурӯши молҳо ва равандҳои ояндаи менеҷменти касбии Тоҷикистон сухан меравад. Дар охири қисми мазкур бо мақсади баҳодиҳии дониши Шумо оид ба менеҷмент тестҳои санҷишӣ оварда шудааст.
Қисми чоруми китоб «Хиради роҳбарӣ» ном дошта, дар он пайдарпайии таърихии давлатдории хирадмандонаи тоҷикон, донишмандони тоҷик ҳамчун асосгузорони илми хирад, қонуниятҳо, арзишҳои олӣ ва талаботҳои хирадмандӣ, фикру ақидаҳо ва шуҷоатмандию ҷаҳонбинии менеҷменти муосири тоҷик пурра таҷАССУМ ёфтааст.
Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, омӯзгорону муҳаққиқон ва роҳбарони зинаҳои гуногуни идорӣ, шахсиятҳои ба менеҷмент таваҷҷӯҳдошта пешбинӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё