Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

-Гуфт: Аз беадабон. Ҳар он чӣ аз онҳо дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.


Аз Луқмон пурсиданд, дунёро чун ёфтӣ?
Гуфт:

  • Дунё ба мисли он аст, ки аз як дар медарой ва аз дигар мебарой.
    (Аз «Тавсифи Ҳусайнӣ»)

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:

  • Он ки неъмати дунё ба уқбо — қиёмат нагузорад.
    Гуфтанд: Тавонгар кист?
    Гуфт:
  • Он ки дар ақл тавонгар аст.
    Гуфтанд:
  • Шараф чист?
    Гуфт:
  • Воҷиб гардонидани мунтаҳои хеш дар гардани мардумон?
    Гуфтанд:
  • Чист, ки онро ҷӯянд ва касе надонаду нашиносад?
    Гуфт:
  • Оқибати корҳо.
    Гуфтанд:
  • Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
    Гуфт:
  • Ҳасад!
    Гуфтанд:
  • Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
    Гуфт:
  • Адл.
    Гуфтанд:
  • Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
пешина
аз 566
навбатӣ