КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар лонаи хояндаҳо, биноҳо, тарқиши шахҳо ва нақби конҳои куҳна маскан мегирад. Тарзи ҳаёти он хеле кам таҳқиқ карда шудааст. Дар Тоҷикистон бештар тирамоҳу зимистон пайдо мешавад.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Дар табиат фардҳои танҳои онро дучор омадаанд. Тўдаи нисбатан зиёди ин намуд иборат аз 36 фард дар тарқиши шахҳои назди деҳоти Ғарибак (водии Зарафшон) ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумоти пурра вуҷуд надорад.
Дар аксар маврид дар ҳудуди Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон вомехўрад ва ин гувоҳӣ он аст, ки он намуди кўчанда буда барои зимистонгузаронӣ аз қисми шимол ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади коркард ва таҳия намудани чорабиниҳои муассири муҳофизат ин намудро пурра таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернышев, 1958; Щербин, 1968.
КЎРШАБПАРАКИ
ТИРГЎШИ
ШИКАМСАФЕД
Otonycteris leucophaeis (Severtsov, 1873) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар Тоҷикистон дар водиҳои Ҳисор, Вахш ва шаҳри Хоруғ паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар биноҳо ва тарқиши шахҳо маскан мегирад. Дар шаҳри Душанбе тўдаи ин намуд дар бинои сеошёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар водии Вахш дар тарқиши ҷариҳои оҳаксанг ва регсангҳои сурх ба қайд гирифта шудааст. Тарзи ҳаёти он пурра омўхта нашудааст.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Тўдаи калонро ба вуҷуд намеорад. Тўдаи нисбатан калони он иборат аз
18 фарди он дар шаҳри Душанбе соли 1951 дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар мавзеъи Ганҷинаи водии Вахш дар моҳҳои май-августи соли 1964 дар тарқишҳои падидаҳои оҳаксанг 7 фарди ин намуд ба қайд гирифта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Кўршабпаракҳои модинаеро, ки
1 ва 5 июн мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, бачаи навзод
ШИРХЎРОН
Mammalia ва қисме аз онҳо 2 ҷанинӣ (дарозиашон 21-22 мм) доштанд.
Аввалҳои моҳи июл андозаи кўршабпаракҳои ҷавон ҳаҷман ба ними андозаи кўршабпаракҳои болиғ баробар гашта, ба ҳаёти мустақилона оғоз мекунанд. Кўршабпараки модина, ки 26 июл дар водии Вахш (Ганҷина) дошта шуда буд, ҳанўз шир дошт.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муайян накарда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати ин намуд мавзеъҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии онро мавриди таҳқиқи пурра қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Щербин, 1968; Янушевич и др., 1972; Стрелков и др., 1978.
ШИРХЎРОН
Mammalia
КЎРШАБПАРАКИ
ПАҲНГЎШИ ЧИНЛАБ
Tadarida teniotis (Rafinesque, 1814) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои паҳнгўш ‒ Molossidae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар атрофи Душанбе, ағбаи Анзоб, мавзеъҳои Ғаравак (наздики шаҳраки Қизилқалъа), Оқбулоқ (қаторкўҳи Оқтоғ), атрофи Ҷилликўл ва Даштиҷум паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Мавзеъҳои сукунати он хеле кам омўхта шудааст. Дар тарқиши шахҳо, ҷариҳои регсангии сурх ва оҳаксангии доманакўҳу кўҳҳо дар баландии то 3000 метр аз сатҳи баҳр маскан мегирад. Ҷойҳои зимистонгузаронии он маълум нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё