КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Щербин, 1968; Янушевич и др., 1972; Хабилов 1977, 1992; Стрелков и др., 1978.
ШИРХЎРОН
Mammalia
КЎРШАБПАРАКИ
ПЎСТМОНАНДИ
ДЕРПАРВОЗ
Eptesicus serotinus (Schreber, 1774) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водиҳои Ҳисор, Вахш, инчунин Кўлоб паҳн гардидааст. Дар Хуҷанд, қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон, мавзеъҳои Консой, Қайроққум ва кўҳи Муғул низ вомехўрад.
Муҳити сукунат Аниқ маълум нест. Тобистон дар биноҳо ва маҳалҳои аҳолинишин зиндагӣ мекунад. Кўршабпаракҳои зимистонгузарон дар конҳои куҳна моҳҳои октябр-апрел ба қайд гирифта шудааст.
Саршумор
Маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумоти пурра вуҷуд надорад.
Тобистони соли 1935 фардҳои ин намуди кўршабпарак дар атрофи боғҳои шаҳри Душанбе мушоҳида карда шудааст. Дар атрофи шаҳри Кўлоб ҳашаротро сайд намудани он соатҳои 21 ба қайд гирифта шудааст. Дар моҳи май дар 3 фарди дошташудаи он 1-2 ҷанин дарёфт гардидааст.
Моҳҳои октябр-апрел зимистонро дар алоҳидагӣ мегузаронанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Маълум нест.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба ҳифз хусусиятҳои биологии ин намуд бояд пурра таҳқиқ карда шавад. Аҳамияти ҳифзи дастболҳоро дар байни омма бештар тарғиб кардан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Богданов, 1956; Щербин, 1968; Янушевич и др., 1972; Хабилов, 1977, 1992; Стрелков и др., 1978.
КЎРШАБПАРАКИ
ПЎСТМОНАНДИ
БИЁБОНӢ
Eptesicus bottae (Peters, 1869) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Қаротегин, Оқтоғ, Аруқтой паҳн гардидааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистони Шимолӣ дар соҳили рости обанбори Қайроқум ва атрофи Коккурак ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат Маълум нест. Эҳтимол дар тарқишу сўрохиҳои шахҳо барои сукунат макон интихоб менамояд.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Дар тўли
4 моҳи корҳои саҳроӣ дар қаторкўҳҳои Оқтоғ ва Аруқтой ҳамагӣ
13 фарди ин кўршаб паракро муайян кардаанд. Соли 1950 тўдаи онро, ки аз 30 кўршабпарак иборат буд, дар ағбаи Хобурработ дидаанд. Солҳои 1990-1991 дар соҳилҳои регзори обанбори Қайроққум (Коккурак) парвози мунтазами он мушоҳида карда шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Маълумот дар бораи хусусиятҳои биологии намуд мавҷуд нест.
ШИРХЎРОН
Mammalia
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот мавҷуд нест.
Омилҳои маҳдудкунанда Мавриди омўзиши амиқ қарор нагирифтааст ва омилҳои маҳдудкунандаи саршумори он муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз Бо мақсади коркард ва таҳия намудани чорабиниҳои муассири муҳофизат мавзеъҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии намудро таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Щербин, 1968; Хабилов, 2003.
ШИРХЎРОН
Mammalia
КУРШАБПАРАКИ
ДУРАНГА
Vespertilio murinus (Linnaeus, 1758) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар атрофи шаҳри Душанбе, мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон, кўҳи Муғул ва водии Зарафшон паҳн гардидааст. Онро дар қисми ҷануби биёбони беоби Зафаробод низ доштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё