Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Саршумор
Намуди камшумор аст. Тўдаи он иборат аз 40 фард дар мавзеъи Ғаравак (атрофи шаҳраки Қизилқалъа) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷойҳои дигари сукунаташон аҳён-аҳён вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар Тоҷикистон аз апрел то октябр вомехўрад. Дар фасли зимистон ба қайд гирифта нашудааст.
20-21 апрели соли 1965 дар атрофи Ҷилликўл садои хоси фардҳои ин намуд ба қайд гирифта шудааст. Тўдаи он дар тарқиши падидаҳои оҳаксангии соҳили муқобили дарёи Вахш маскан ёфта буданд. Ҷанине, ки аз модинаи он, ки 29 майи 1964 дар мавзеъи Ғаравак пайдо кардаанд, 3,620 мг вазн дошт ва дарозии баданаш
43 мм ташкил медод.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Муқаррар карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати кўршабпараки паҳнгўши чинлаб мавзеъҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии онро мавриди таҳқиқи пурра қарор додан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953; Щербин, 1968; Янушевич, 1972; Стрелков и др., 1978.
ХАРМУШИ
БОРИКАНГУШТ
Spermophilopsis leptodactulus (Lichtenstein, 1823) Қатори
Хояндагон ‒ Rodentia Оилаи
Санҷобшаклон ‒ Sciuridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN .
Паҳншавӣ
Дар минтақаи нимбиёбони Тоҷи­ кистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ (300- 400 метр аз сатҳи баҳр) ба таври маҳдуд вомехўрад. Дар қумзорҳои масоҳаташон на он қадар зиёди поёноби дарёҳои Кофарниҳон (Қурҷалиқум) ва Вахш (Кашқақум) ва Панҷи поён (соҳили рости дарёи Панҷ) боқӣ мондааст. Дар натиҷаи аз худ гардидани мавзеъҳои хоси зист, дар биёбонҳои Қарадум ва қумзори Шоҳ нобуд гардидааст.
Муҳити сукунат
Мавзеъҳои хоси сукунати хармуши борикангушт қумзорҳои байниминтақавии ҷўякмонанд ва теппадор, ки дар онҳо буттазорҳои сираки ҷулгун, ҷузғун ва саксавул месабзанд, ба шумор мераванд.
Дар атрофи минтақаҳои обёришаванда ва каналҳои обёрикунанда низ сукунат меёбад.
Саршумор
Дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта саршумори ин намуд дар Тоҷикистон 800-900 фард баҳогузорӣ шуда буд. Дар натиҷаи босуръат аз худ намудани қумзорҳо, масоҳати паҳншавӣ ва саршумори хармуши борикангушт дар муқоиса ба солҳои 40-уми асри гузашта беш аз 10 баробар кам гардидааст.
Алҳол саршумории умумии он аз 50-80 фард зиёд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷуфтшавӣ дар охири моҳи феврал оғоз меёбад. Дар моҳҳои мартапрел босуръат афзоиш мекунад.
Давомнокии афзоиш 50-60 рўзро ташкил медиҳад. Балоғати ҷинсӣ
ШИРХЎРОН
Mammalia дар синни 2-солагӣ фаро мерасад.
Аз 2 то 5 бача таваллуд мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Хеле маҳдуд гардидани саршумори хармуши борикангушт дар зимистони қаҳратун ва сербарфи солҳои 1948-1949 ва 1968-1969 ба қайд гирифта шудааст. Таназзули муҳити сукунат дар натиҷаи аз худ намудани қумзорҳо, бад гардидани шароитҳои ғизоии муҳити сукунат таҳти таъсири чаронидани чорво омилҳои асосии маҳдудшавии шумораи хармуши борикангушт мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити сунъӣ парвариш меёбад, вале афзоиш намекунад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамоаҳои ҷудогонаи хармушро дар қумзорҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ- Ғарбӣ зери муҳофизат қарор дода, дар муҳити сукунати он фаъолияти хоҷагидории инсонро маҳдуд кардан зарур аст.

пешина
аз 256
навбатӣ