Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Чун шоҳ ин сухан бигуфт, Шерафканро писаре буд, номи ӯ Шерӯя ва дар таъзияти падар ҷомаи сиёҳ карда буд, барпой хост ва гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, падари банда ба ҳар кор пешрав буд ва ин ташриф аз шоҳ дошт. Агар шоҳ дастурӣ диҳад, банда бо ин мояи лашкар, ки дорад, ҷавоби душман боздиҳад.
Шоҳ бар вай офарин кард ва гуфт:
— Лашкар чанд дорӣ?
Гуфт:
— Бист ҳазор савору пиёда ҳосил ояд.
Шоҳ Фағфур ӯро хилъат дод ва аз ҷомаи таъзият берун овард ва аламе 1 шерпайкар ба вай дод ва сипоҳи ӯро барги 2 бисёр дод ва он чи ба кор боист.
Паҳлавоне дигар буд номи ӯ Шоҳак, хизмат кард ва гуфт:
— Худойгонро бақо бод, банда бо Шерӯя камар барбандам.
Шоҳ пурсид, ки туро сипоҳ чанд аст.
Гуфт:
— Даҳ ҳазор савор.
Шоҳ ӯро хилъат дод ва аламе гургпайкар бад-ӯ дод ва сипоҳи ӯро низ тартиб дод.
Ва паҳлавоне дигар буд номи ӯ Самур ва аслизода буд ва хеши Фағфур буд.
Гуфт:
— Эй шоҳ, банда низ дар ин кор камари хизмат дар миён бандад.
Шоҳ ӯро хилъат дод ва аламе аждаҳопайкар бад-ӯ дод. Пас, Кармуни паҳлавон низ гуфт.
— Банда берун равад.
Ӯро низ хилъат дод ва аламе бозпайкар бад-ӯ дод. Ва панҷ ҳазор савор дошт ва созу салеҳ ва он чӣ ба кор боист.
Чор паҳлавон бо чиҳил ҳазор савор азми майдон карданд ва хайма берун заданд ва ҷумлаи сипоҳ бирафтанду беруни шаҳр фуруд омаданд. Ғалабаву ошӯб дар он шаҳр афтода буд.
1 А л а м — байрақ.
2 Б а р г — асбоб ва лавозимот барои лашкар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё