Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Худованди ҳадис ва ровии қисса чунин ривоят кунад, ки дар он шаб, ки Самак аз пеши Шағолу Хуршедшоҳ ва Фаррухрӯз бирафт, худро дар миёни сипоҳ афканду Шер-афканро бикушт ва ӯро бигирифтанд, Хуршедшоҳ бо дигарон дилтанг шуданд, гуфтанд:
— Моро рӯи истодан нест. Ҳар се рӯй ба роҳ ниҳоданд ва бар канори шаҳр рафтанд ва мебуданд, то он овозаи лашкар дарафтод.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯз бо Шағоли Пилзӯр гуфтанд:
— Эй паҳлавон, донам, ки бисёр аз ҷавонмардон дар он кӯча ҳалок шуданд ва Самак буд, ки моро коргузорӣ мекард. Чун ӯро бигирифтанд, албатта, ӯро ҳалок кунанд, ки аз вай кина дар дил доранд ва моро дар ин шаҳр ҷойгоҳе нест. Тадбир бояд кардан, ки бо ин лашкар аз ин шаҳр берун равем. Аммо созу силоҳи рост нест ва бараҳнаву пиёда натавонем рафтан.
Шағол гуфт:
— Агар чунин аст, моро дӯсте ҳаст, пеши вай мебояд рафтан, то моро тартиб бисозад.
Ин бигуфт ва дар пеш истод ва шаб даромада буд ва ҷаҳон торик буд, то бар дари сарои он дӯст омаданд. Шағоли Пилзӯр дари сарои он дӯст бизад. Номи он дӯст Зайд буд. Ба зер омад ва дар бикшод. Чун Шағол дид, ӯро дар канор гирифт ва бипурсид ва ба сарой даровард ва бинавохт ва бар ҷойгоҳе некӯ бинишонд. Дарҳол чизе биёвард ва ба хӯрди эшон дод.
Чун фориғ шуданд, ҳар сухане мегуфтанд, то рӯз равшан шуд. Ба темор доштани эшон машғул шуд.
Хуршедшоҳ бар панҷараи даричаи Зайд нишаста буд ва ба роҳ назора мекард. Ҷумҳури паҳлавонро дид, ки хеши Хуршедшоҳ буд ва бо вай омада буд ва он рӯзгор, ки ӯ ба сарои ҷавонмардон мерафт, ӯро бо се тан раҳо карда буд. Зайдро гуфт:
— Эй озодмард, он мард, ки он ҷо нишастааст, ӯро бар ман хон.
Зайд кас фиристод ва Ҷумҳурро бихонд.
Гуфт:
— Эй озодмард, яке дар ин сарой туро мехоҳад.
Ҷумҳур дар пеш истод, то ба сарои Зайд омад. Чун нигоҳ кард, Хуршедшоҳро дид ва Фаррухрӯз. Хидмат кард ва эшонро дар канор гирифт ва дар пои Хуршедшоҳ афтод. Пас, Фаррухрӯзро дигар бор бипурсид. Пас, аҳвол
1 Темор доштан — нигоҳубин кардан, ғамхорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё