Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт

Адабиёти форсу тоҷик дар баробари назми оламгир осори фаровони насри бадеии дилчасперо низ доруст. Беҳтарин намунаҳои насри классикӣ ва осори ривоятии мо дар китобхонаҳои олам маҳфуз аст. Аммо миқдори каме аз он ба табъ расида, дастраси толибони ин соҳаи адабиёти нафиса гардидааст.

Бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон қарор дода шуд, ки як миқдори ин осори гаронбаҳо бо роҳи плани илмии институт ва берун аз он дар силсилаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» интишор дода шавад. Нашри китоби шашҷилдаи «Самаки айёр» оғози ин силсила аст.

Ҳайъати таҳририя.

Китоби «Самаки айёр», ки яке аз дилчасптарини асарҳои насри ривоятии форсу тоҷик ба шуморат меравад, ҳаҷман хеле бузург буда ягона нусхаи дастнависи он дар китобхонаи Бодлиёни Оксфорд (Англия) мавҷуд аст. Ин асари ҳаҷман бузург аз се ҷилд иборат буда, ҳар ҷилд ду ҷузъ дорад.

Донишманди мӯҳтарами эронӣ Парвизи Нотили Хонларӣ ба нашри ин асари гаронбаҳо шурӯъ намуда, соли 1960 ҷузъи якуми ҷилди аввали онро ба табъ расонид. Соли 1965 нашри ду ҷузъи ҷилди якум ва як ҷузъи ҷилди дуввум низ бо кӯшиши Хонларӣ сурат гирифт. Инак, нисфи китоби «Самаки айёр», ки қариб ҳазор саҳифа дорад, нашр гардид. Умедворем, ки донишманди мӯҳтарам ҷузъҳои боқимондаи ин китоби зеборо низ ба табъ расонда, дилбастагони адабиёти форсиву тоҷикиро шод мегардонад.

Азбаски адади нашри чопи Эрон хеле маҳдуд аст (ду табъи ҷузъи якуми асар якҷоя аз ду ҳазор нусха иборат аст), табиист, ки

аз 290
навбатӣ