Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

талаботи ба ин китоб доштаи хонандагони моро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар силсилаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» чоп кардани китоби «Самаки айёр» лозим дониста шуд.

Ҳангоми ба чоп тайёр кардани матни асар аз тасҳеҳоти оғои Хонларӣ истифода кардем. Аммо баъзе тағйир ва фарқҳо дар услуби кори мо дида мешавад.

Азбаски мақсади мо аз нашри ин асар ва ҳамчунин асарҳои дигари ин силсила ба оммаи хонандагон пешкаш намудани мероси адабии аҷдодамон аст, аз баъзе нуктаҳои илмии матни асар сарфи назар карда шуд. Чунончи:

Калима ва фиқраҳои мансур ва ё порчаи манзум, ки хонданаш мумкин нагардидааст ва тасҳеҳаш муяссар нашудааст, аз матн хориҷ шуд. Аммо ин гуна калимаву фиқраҳо дар матни китоб хеле каманд.

Аз бисёр ҷойҳои матни асар калима, ҳарф ва ё қисме аз калима ва порчае аз ҷумла афтодааст, ки мусаҳҳеҳи мӯҳтарам Нотили Хонларӣ барои нигоҳ доштани рабти ҷумла чизе аз худ дар қавсайн илова кардааст. Чунончи: «Самак гуфт: (ин душманӣ) аз чӣ бархост?» ё ки «...фарёд (бардошт) ва гуфт: Қатрон дар хайма нест». Мо ҳамаи ин гуна тасҳеҳотро барҷой гузошта, вале қавсҳоро бардоштем. Инчунин дар бисёр мавридҳо мусаҳҳеҳ вайрон будани матнро пай бурда тасҳеҳ намудааст, вале дар ҳошия шакли асли нусхаро низ сабт кардааст. Масалан: «Самак гуфт: — Аз дер боз маро фиристодааст, ки сари роҳ нигоҳ дорам, то шумо асбон наёваред, ки шоҳ ин вақт фароғат надорад, ки ба тадбири духтар машғул аст, ки ба Қизилмалик фиристад». Хонларӣ дар ҳошия қайд кардааст, ки дар асли ин ҷумла ба ҷои «аз дер боз» — «аз дек боз» ва ба ҷои «ин вақт» — «аз вақт» сабт шуда буд. Мо дар ин сурат ҳам тасҳеҳи Хонлариро барҷой гузоштем, вале аз иловаҳои ҳошия сарфи назар кардем.

Ба ҳамин тариқ китобе, ки ҳоло хонандагони мӯҳтарам дар даст доранд, ҷузъи якуми ҷилди аввали «Самаки айёр» аст.

Муҳаррир

пешина
аз 290
навбатӣ