Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Меҳрони вазир андешанок шуд то шоҳ гуфт:
— Бираведу Самакро биёваред.
Чун дар хона рафтанд, касро надиданд. Пеши шоҳ омаданд, ки Самакро бурдаанд ва пайдо нест.
Шоҳ гуфт:
— Чӣ мегӯед? Бингаред, ки ҳеҷ нақме ё сӯрохе ҳаст ё дари сарой кушодаанд.
Дарбоному посбонон ва пардадоронро ҳозир карданд ва гуфтанд:
— Кӣ омад ва кӣ берун шуд?
Гуфтанд:
— Мо ҳеҷ касро надидем ва низ дарҳо баста, намедонем, ки чӣ гуна будааст.
Меҳрони вазир ҷои сухан дид. Сухан дарандохт ва гуфт:
— Эй шоҳ, мебинӣ, ки сухани дурӯғ мегӯяд ва мардумро дар шак меандозад ва ба ҳилату макрҳо чунин мегурезад.
Вазир бар он сухан пой боз бар ҷой овард.
Эшон дар ин сухан буданд, ки Кармуни паҳлавон бирасиду дар боргоҳ даромад ва хизмат кард. Шоҳ ӯро бинавохт. Пас, Кармун нома берун овард, пеши Фағфур ниҳод. Шоҳ ба Меҳрони вазир дод. Меҳрон нома баргирифт ту бархонд ва маъонии нома маълум кард. Он саҳму сиёсат дар нома ёд карда буд.
Фағфуршоҳ фурӯ монд, гуфт:
— Эй вазир, чӣ тадбир аст?
Меҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, кор аз ҳад гузашт ва наздик расиданд. Оҷизи натавонем кардан. Баъд аз чандин сол, ки хироҷашон, ба мо мебоист додан ва нахостем, имрӯз бар мо зиёдати ҷӯянд ва агар чунон будӣ, ки ба хостгории духтар омада будӣ, духтар ба вай додмонӣ, то ҳар ду ҷониб яке будӣ. Бо ин ҳама агар духтар бидиҳем, гӯянд: «битарсиданд». Моро лашкаре мебояд фиристодан, ки эшон сари масоф доранду дар марғзори Гӯрон ваъда кардаанд.
Шоҳ Фағфур боргоҳ фармуд ва ҷумлаи хосу ом ҳозир карданд ва аҳволи омадани шоҳи Мочин бозгуфт ва талаби кори ҷанг будан.
— Акнун бидонед, ки агар чунон будӣ, ки Арманшоҳ омада будӣ, ман худ бирафтаме. Чун лашкар фиристодааст, зишт бошад, меро рафтан. Паҳлавоне бошад, ки ин кор бикунад ва ҷавоби лашкар боздиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё