Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин бигуфту ҷаббаи тир фурӯ рехт. Пас, даст ба камон бурду ба зеҳ кард ва ба зону даромад ва бикшоду бизад бар саворе, ки муқобили ӯ истода буд. Аз ӯ даргузашт ва ба дигаре омаду ҳардуро бар якдигар афканд. Ба ҳар тире марде меафканд, то рӯз ба охир расид, тир мекушод, то панҷоҳ мард бияфканд ва сад ҳазор зану мард ба назора истода. Ва ҳама бар Фаррухрӯз офарин мекарданд бар он кушоди тир, ки мекард ва ҳеҷ тири ӯ хато намешуд.
Ҳар кас мегуфтанд:
— Азим мардона ҷавонест.
Яке гуфт, ки:
— Хуршедшоҳ, ки асп ром карду Сиёҳро афканд ва бо он Сиёҳ он ҳунар намуд ва он Сиёҳро аз пой даровард.
Яке мегуфт:
— Фаррухрӯз аст, ки доя ӯро бибурд. Некӯ ҷойгоҳе ба дасти эшон афтод. Чун тавонанд кардан, ки лашкари Фағфур бисӯёранду эшон андаканд.
Дигаре мегуфт:
— Ҳама ба ёрии эшон равед, ки мардуми некмаҳзаранд ва ҳеҷ бадӣ бо Фағфур ва қавми эшон накардаанд.
Чун шаб даромад, Шерафкан бо сипоҳ аз пеши эшон омад пеши Меҳроки вазир.
Ва Шағоли Пилзӯр бо дигарон бар сари кӯча гирд омаданд ва бар Фаррухрӯз офарин мекарданд.
Шағол гуфт:
— Моро обу нон зарур аст, тартиб мебояд додан, то ин сари кӯча нигоҳ дорем.
Самаки айёр гуфт:
— Эй падар, чаро ғами рӯзӣ мехӯрӣ, яздон моро аз чандин меҳнат бозраҳонид, рӯзӣ ҳам бирасонад бе он, ки моро хабаре бошад.
Дар он гуфтор буданд, ки қавме кадхудоён ва ҷавонони шаҳр меомаданд ва гӯшту ҳалво ва машғалаҳову машқҳои об меоварданд ва ҷавонон бо силоҳ меомаданд аз баҳри он, ки бо эшон ёр бошанд ва аз хизматгорони Хуршедшоҳ бошанд. Гурӯҳе, ки дар он шаҳр пароканда буданд то он соат, ки фалак оинаи чархи ҷаҳоннамоӣ пайдо кард, миқдори чаҳор сад мард ба ёрии эшон омада буданд, бо силоҳи тамсму обу нони фаровон.
Чун шаб ба рӯз гузашт, сипоҳи Фағфур бар сари кӯча омада буданд ва овози дуҳул, чанг ва буқ баромад. Миқдори ду-се ҳазор саф баркашиданд.

1 Ҷаббаи тир — тирдон.

пешина
аз 290
навбатӣ