Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

пеши эшон бар пой хостанду бар Самак офарин карданд. Ва ҳар касе аҳвол мегуфтанд.

Чун субҳи рӯз аз олами ғайб забона барзад, Самаки айёр пеши Сомона омад, гуфт:

— Эй хоҳар, бархезу бирав ва дари хонаи шоҳ рав, ки моро чизе дар дил меояд, аҳвол ҳама боздон, то чӣ месозанду дар чӣ тадбиранд.

Сомона бар дари сарои шоҳ омад ва гӯш медошт. Ҳар чӣ мегуфтанд, ҳама маълум кард, то ба лашкар расид, ки хоҳад рафтан, ки эшонро бигиранд. Бозгашту пеши ҷамоати айёрон омад ва гуфт:

— Ба чӣ нишастаед, ки аҳволи шумо донистаанд ва лашкар меояд, ки шуморо бигиранд!

Ҳама аз ҷой бархостанд ва гуфтанд: «Чӣ чора мебояд сохт?» Ҳар яке сухане мегуфтанд, то ҳамон ҷавони некӯ-рӯи ботамиз — Самаки айёр гуфт, ки:

— Эй ҷавонмардон, як чора донам, беш аз ин нест, вагарна ҳама ҳалок шавем. Дар ин наздикӣ маҳаллате ҳаст ва дар он маҳаллат кӯчае бузург аст ва онро кӯчаи Сангин хонанд ва он кӯчаро аз санг тарошидаасту ҳеҷ роҳ бад-ӯ нест, магар як роҳ. Агар фармоед бад-он кӯча равему па-ноҳ гирем, ки лашкари рӯи замин бо мо ҳеҷ ба даст надаранд, ки аз ҳама ҷой эминӣ ҳаст, ки ҳама санг аст ча-пу рост.

Пас, ҳамгинон бар вай офарин карданд, гуфтанд: нек ёд овардӣ. Пас, чун Хуршедшоҳу Фаррухрӯз бо Шағолу Самак ва дигарон баякбор силоҳ баргирифтанд ва бирафтанд. Сомона низ бирафт ва дар ҷойгоҳе пинҳон шуд.

Чун эшон бирафтанд, дарсоат Шерафкан бо дувист мард бирасиданд ва перомуни сарой фурӯ гирифтанд ва ғалабаву ошӯб дарниҳоданд ва чун дар сарой рафтанд, ҳеҷ кас надиданд, фурӯ монданд. Аз мардон пурсиданд, ки ҳеҷ кас аз сарой рафтанд?

Гуфтанд:

— Қавме дар ин соат берун рафтанд — ба кӯчаи Сангин.

Шерафкан бо сипоҳ ба дари кӯчаи Сангин омад.

Чун лашкар бар он ҷо расид, Хуршедшоҳу Фаррухрӯз сари кӯча фурӯ гирифта буданд ва мегуфтанд: «Ин кор моро афтодааст».

Фаррухрӯз тирандози ба ғояти камол буд, гуфт:

— Эй шоҳзода, дастурӣ деҳ, ки ин банда дастбурде намояд, то ин қавм бидонанд, ки мо ба номардӣ наёмадаем.

пешина
аз 290
навбатӣ