Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй Шабдиз, чӣ мегӯй?! Самак зиндааст, на ӯро дар боргоҳ бикуштанд? Чӣ гуна зинда шудааст?
Ҷойгоҳи эшон низ ба даст овардаам: дар сарои Маҳрӯяи наббош мебошанд ҷумлаи айёрон бо Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва дигарон.
Меҳрони вазир хуррам шуд, гуфт:
— Эшонро аз пой барбояд доштан, ки қавми шӯҳанду азим.
Ва дар ин андеша буд, то рӯз сар аз даричаи олам баровард.
Меҳрони вазир ба хидмати шоҳ омад.
Дарҳол зиндонбон ба фарёд омад ва гуфт:
— Эй шоҳ, зиндон бишикастаанд ва бандиён бурдаанд.
Меҳрон гуфт:
— Эй шоҳ, дар он навбат Шағол бо дигарон бибурданд ва талаби кор набудем, то лоҷарам даст бароварданд ва Хуршедшоҳро низ бурданд. Ин ҳама Самак мекунад — он ҳаромзода. Алалхусус вақте чунин ва лашкаре фаровон бад-ин ҷониб рӯй ниҳодаанд ва қавме маҷҳул дар шаҳри ту ҳар чӣ мехоҳанд мекунанд. Соате духтар аз сарой берун мебаранд. Вақте дар майдон фарзанди ман мекушанд ва гоҳе зиндон мешикананду бандиён мебаранд.
Агар лашкари душман аз ин ҳол огоҳ шаванд, моро ба ҳеҷ надоранд. Гӯянд: «Эшон бо даҳ мард барнамеоянд» ва қасди ҳалокати мо кунанду вилояти мо хароб кунанд ва подшоҳӣ аз даст берун кунанд. Пеш аз он, ки лашкари душман ояд, ин ҷамоатро қаҳр бояд кардан.
Шоҳ гуфт:
— Эшон куҷоанд?
Вазир гуфт:
— Дар хонаи Маҳрӯяи наббошанд аз он рӯз боз, ки Шағоли Пилзӯрро аз банд берун бурдаанд, онҷоанд. Лашкаре бояд фиристодан ва эшонро қаҳр бояд кардан.
Шоҳ гуфт:
— Ҳар кӣ бояд фиристодан, бифирист.
Вазир гуфт:
— Эй шоҳ, Шерафкан биравад.
Пас, шоҳ фармуд, Шерафкан бо дувист мард биравад ва эшонро бигирад.
Эшон тартиб мекарданд, ки бираванд.
Аз он ҷониб Самак бо Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ба сарои Маҳрӯя омаданд ва дар он зери замин мебуданд. Ҳамагон

пешина
аз 290
навбатӣ