Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Самак, аз Шағоли Пилзӯр ва он дигарон, ки эшонро бигрифта буданд, чӣ хабар дорӣ?
Самак гуфт:
— Эй шоҳзода, Шағоли Пилзӯр бо даҳ тани дигар басаломатанд, дар сарои Маҳрӯяи наббош нишастаанд. Ман эшонро ба берун овардам. Ин сухан бо ҳам мегуфтанд ва он шахс мешунид.
Муаллифи ахбор ва ровии қисса чунин нақл мекунад, ки он шахс Шабдиз — ғуломи Меҳрони вазир буд, ки номаи Қизилмалик ба Меҳрони вазир оварда буд, ки духтари шоҳ бифирист, ки қавл карда будӣ, ки духтар бифиристам ва нафиристодӣ ва бо Шерафкан машварат карда буд ва гуфта, ки моро духтар ба даст бояд овардан ва пинҳон кардан, то бинигарем, ки чӣ гуна бармеояд. Набояд, ки Фатфур чун Қизилмалик духтар хоҳад бифиристад ва ту бемақсуд бимонӣ. Бо ин тадбир карда буданд, ки духтари шоҳ ба даст оваранд.
Шабдиз ҳар шаб бадар омадӣ ва гирди сарои шоҳ бармегаштӣ, то магар чорае ба даст оварад ва духтари шоҳ ба даст тавонад овард.
Он шаб чун Самак ва Хуршедшоҳу Фаррухрӯзро бидид, бишинохт ва аз пеши эшон бигурехт ва баъд аз он бозоммад аз дунболи эшон ва бадон ҷо расид, ки Шағолу айёрпешагон дар сарои Маҳрӯяи наббошанд.
Хуррам шуд.
Гуфт: «Духтари шоҳ ба чанг наметавонам овардан аз душманони Меҳрони вазир нишон овардам».
Ҳам дар соат рӯй ба сарои вазир ниҳод. Пеши вазир омад ва хизмат кард.
Меҳрони вазир гуфт:
— Чӣ кардӣ?
Гуфт:
— Айюҳал вазир, ҳеҷ гуна роҳ ба духтар наметавонам бурдан, аммо хабари дигар овардам: Хуршедшоҳу Фаррухрӯз аз банд берун бурданд.
Меҳрони вазир аз ҷой баромад.
Гуфт:
— Чӣ гуна буд? Эшонро кӣ бурд?
Гуфт:
— Эшонро Самаки айёр бурд.
Меҳрони вазир чун номи Самак шунид, биҳаросид.
Гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё