Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Самак дар сарой шуд. Мустароҳ 1 буд. Дари обхона баста буд, нигоҳ кард ва девор аз хишти пухта буд. Самак як хишт баргирифт ва сӯрох фарох карду гузаргоҳ осон кард. Нигоҳ кард хонае фарох дид, дар кушода баробари суффа буд. Нигоҳ кард, то ҳеҷ кас ҳаст ё не. Сухан гуфтани Хуршедшоҳро шунид, ки бо Фаррухрӯз мегуфт:
— Эй шоҳзода, кӣ бошад, ки ғами мо бихӯрад ё моро аз ин ҷойгоҳ бадар барад ва наҷот диҳад, ки ҷумлаи айёрпешагонро куштанд. Шағоли Пилзӯр бо чанд тани дигар гирифта буданд, мумкин бошад, ки эшонро низ куштанд. Агар Самаки айёр будӣ, ӯ моро аз ин ҷой берун овардӣ. Аммо Самаки айёрро он рӯз бикуштанд. Магар яздон моро фараҷ 2 диҳад.
Эшон дар ин гуфт буданд, ки Самак даромад ва салом кард. Шоҳзода гуфт:
— Эй озодмард, ту кистӣ, ки дар ин вақт моро ёд овардӣ?
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, манам бандаи ту Самак.
Эшон чун номи Самак бишуниданд, хуррам шуданд. Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, чӣ гуна растӣ, ки туро афтода дидем ва дар соат буд, ки мо ҳадиси ту мекардем.
Самак гуфт:
— Шунидам. Ҷои сухан гуфтан нест, дергоҳ аст.
Пс, сӯҳон бароварду банд аз дасти эшон бибурид ва ба гоз низ бисуд. Банд аз дасту пои эшон қатъ шуд. Чун эшон худро бе банд ёфтанд, хуррам шуданд ва бар вай офарин карданд ва ҳар се аз он сӯрох берун омаданд ва рӯй ба роҳ ниҳоданд, ки ногоҳ шахсе пеши эшон бозомад. Нигоҳ кард, ҳар серо бишнохт. Самак оҳанги вай кард, то ӯро бигирад. Он шахс аз пеши эшон бидавид. Самак дунболаи вай ба так хост аз кӯча то бад-он кӯча медавид, то ба кӯчае расид. Он шахс донист, ки болое буд бад-он боло рафт.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ба вай расиданд.
Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, касе дидӣ?
Гуфт:
— На, бигрехт. Надонам чӣ касе буд.
Ҳар се рӯй ба роҳ ниҳоданд, то бираванд.
1 М у с т а р о ҳ — хоҷатхона.
2 Ф а р а ҷ — кушоиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё